formula
Сайёҳи рус лаҳзаи маргашродар Харангон ба навор гирифту....
998


Сайёҳи рус Павел Чернов, ки бештар бо ақаби Павел Мотовоз ё Паша Мотовоз машҳур гашта буд, дар кӯҳҳои дараи Харангон ба таври фоҷиавӣ ҷон бохт. Аҷибаш он аст, ки ин марди ҷаҳонгашта лаҳзаи маргашро худаш ба навор гирифтааст...

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон тафсилоти ҳангоми парвоз бо параплан дар кӯҳҳои дараи Харангони ноҳияи Варзоб ба таври фоҷиавӣ ба ҳалокат расидани байкер ва ҷаҳонгарди рус Павел Чернов, маъруф ба Павел Мотовоз ё Паша Мотовозро нашр кардааст. Бино ба иттилои манбаъ, ҳодиса рӯзи 10 сентябр, тахминан соатҳои 11:20 ба вуқуъ пайваста, як корманди пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода занг зада, хабар додааст, ки ҳангоми парвоз бо параплан дар кӯҳҳои минтақаи Харангони ноҳияи Варзоб Павел Чернов, соли таваллудаш 1984, зода ва сокини шаҳри Санкт-Петербурги Русия суқут кардааст.

Паша Мотовоз ҳамаи парвозҳои худро бо видеокамераи дар таҷҳизот ё экипировкааш насбшуда сабт мекардааст ва субҳи 10-уми сентябр дар Харангон камераи дар таҷҳизоти Мотовоз насбшуда лаҳзаи парвози охирини ӯро ҳам сабт кардааст, вале марг ба Павел дигар маҷоли дуруст кардану дар Интернет гузоштани ин видеоро надод. Сабти мазкурро баъди маргаш ҳамсари мотамзадаи Павел Мотовоз ба журналистон додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД