Сентябр аввалин моҳи фасли зебои тирамоҳ аст. Бо фаро расидани ин моҳ ҳаво тадриҷан салқин шуда, табиат либоси рангини тирамоҳиро ба бар мекунад. Дар боғу саҳроҳо меваю сабзавот пухта мерасанд ва деҳқонон ба ҷамъоварии ҳосили кишоварзӣ машғул мешаванд. Ҳосили дастранҷи онҳо ба дастархони мардум роҳ ёфта, файзу баракати зиндагиро бештар мегардонад.
Моҳи сентябр барои мардуми тоҷик моҳи пур аз шодиву фараҳ, рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ва ҷашнҳои пуршукуҳ ба ҳисоб меравад. Дар ин моҳ як қатор санаҳои муҳими давлатӣ, байналмилалӣ ва фарҳангӣ таҷлил карда мешаванд, ки ҳар кадоми онҳо барои ҷомеа аҳамияти хос доранд.
1-уми сентябр — Рӯзи дониш, дарси сулҳ
Якуми сентябр дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи дониш таҷлил мегардад. Дар ин рӯз соли нави таҳсил оғоз ёфта, дар муассисаҳои таълимӣ ҳамоишҳои тантанавӣ баргузор мешаванд. Хонандагон ин рӯзро бо дарси сулҳ оғоз мекунанд. Дар он омӯзгорону хонандагон дар бораи сулҳу субот, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ватандӯстӣ ва аҳамияти донишомӯзӣ андешаҳои худро баён менамоянд. Оғози соли нави таҳсил барои хонандагону донишҷӯён марҳилаи нави донишандӯзӣ ва худсозӣ мебошад. Зеро дониш чароғи зиндагӣ буда, барои пешрафти ҷомеа ва ободии кишвар нақши муҳим дорад.
9-уми сентябр — Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
9-уми сентябр, Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Истиқлол барои ҳар як миллати соҳибдавлат рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва интихоби роҳи мустақили рушд ба шумор меравад. Ҳамасола мардуми Тоҷикистон ин санаи муҳимро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Дар шаҳру ноҳияҳои кишвар чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, барномаҳои идона ва дигар чорабиниҳои ба ҷашни истиқлол бахшидашуда баргузор мегарданд.
21-уми сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
21-уми сентябр Рӯзи байналмилалии сулҳ таҷлил карда мешавад. Ин рӯз бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфта, ба таҳкими сулҳ ва даст кашидан аз хушунат бахшида шудааст. Рӯзи байналмилалии сулҳ мардумро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳалли осоиштаи ихтилофҳо даъват менамояд. Барои мардуми тоҷик, ки арзиши сулҳу суботро хуб дарк мекунанд, ин сана аҳамияти хос дорад.
22-юми сентябр — Рӯзи Рӯдакӣ
22-юми сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мегардад. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз бузургтарин намояндагони адабиёти классикии тоҷик ва поягузори адабиёти форсу тоҷик ба шумор меравад. Мероси адабии устод Рӯдакӣ барои фарҳангу адабиёти тоҷик аҳамияти бузург дорад. Ба хотири гиромидошти ин шоири бузург дар муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва илмӣ маҳфилҳои адабӣ, конференсияҳо, вохӯриҳо ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор мешаванд. Соли 2008 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ЮНЕСКО 1150-солагии устод Рӯдакӣ дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардид. Ин иқдом барои муаррифии мероси адабӣ ва фарҳангии тоҷикон дар арсаи ҷаҳон аҳамияти муҳим дошт.
30-юми сентябр — Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ
Моҳи сентябр боз бо як санаи муҳими фарҳангӣ анҷом меёбад. 30-юми сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таҷлил карда мешавад. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз бузургтарин шоирон ва мутафаккирони адабиёти форсу тоҷик буда, осори ӯ дар рушди фарҳанг, адабиёт нақши муҳим гузоштааст. Ашъори Мавлоно инсонро ба дӯстӣ, муҳаббат, инсондӯстӣ, маърифат ва худшиносӣ ҳидоят менамояд. Ба муносибати ин рӯз дар муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангии кишвар маҳфилҳои адабӣ, конференсияҳои илмӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардида, осори гаронбаҳои Мавлоно муаррифӣ ва таҳлил карда мешаванд.
Ҳамин тавр, моҳи сентябр барои мардуми Тоҷикистон моҳи воқеан пурфайз мебошад. Дар ин моҳ ҳам оғози соли нави таҳсил, ҳам ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва ҳам як қатор санаҳои муҳими фарҳангиву байналмилалӣ таҷлил карда мешаванд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки сентябр на танҳо моҳи оғози тирамоҳ, балки моҳи дониш, сулҳ, истиқлол, фарҳанг ва шодмонии мардум низ мебошад.
Абдуғаффор ШОДИЕВ