Шаби 31-уми декабри соли 2025 ба 1-уми январи соли 2026, яъне шаби Соли нав дар Тоҷикистон 698 кӯдак таваллуд шудааст. Бештари ин тифлон дар вилояти Хатлон ва теъдоди ками онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба дунё омадаанд.
Дар ин бора Раёсати ташкили хидматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, дар шаби Соли нав дар вилояти Хатлон 248 кӯдак, дар вилояти Суғд 162 кӯдак, дар ВМКБ 8 кӯдак, дар шаҳри Душанбе 120 кӯдак, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 160 кӯдак зода шудааст. Аз ин ниҳод гуфтаанд, ки дар шаби Соли нави 2025-ум 610 кӯдак таваллуд шуда буд.
Бояд гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли гузашта дар Тоҷикистон 117 ҳазору 932 кӯдак таваллуд шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2024-ум (114 ҳазору 627) 3 ҳазору 305 тифл зиёд мебошад.
То 1-уми июли соли 2025 теъдоди аҳолии Тоҷикистон бо дарназардошти сабти таваллуд, фавтида ва муҳоҷират ба 10 млн 603,8 ҳазор нафар расидааст. Тибқи иттилои Агентии омори кишвар, ин теъдод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум (10 млн 505,9 ҳазор) 98,9 ҳазор нафар ё 2,1% зиёд аст.