Arzon march 2024
Шабнами Собирӣ ба кӣ “Бале, бале” гуфт?
620


Шабнами Собирӣ сарояндаи хушовозу зебоӣ тоҷик рӯзи гузашта таронаи навашро бо номи “Бале-Бале” дар Ютуб- канали Music пешкаши мухлисони савту наво гардонд. Клипро дар 20 соат зиёда аз 60 ҳазор нафар тамошо карда, дар зераш шарҳҳои зиёд навиштаанд.

Матн ва оҳанги суруд аз Зайн Шамсиддин мебошад.
Бояд гуфт, ки чанд лаҳзаи аввалу охири клип аз рӯи филми “Муҷассамаи ишқ”, ки дар байни мардум бо номи Бобои Ғаффор машҳур аст, гирифта шудааст. Нақшҳоро дар ин клип-тарона ҳаҷвнигори шинохта Ташриф Халилов, Ҳоҷӣ Иброҳим ва худи Шабнами Собирӣ офаридаанд. Клип дар болои трактор сабт шуда, нақши ронандаро ҳаҷвнигори машҳур Ташриф Халилов мебозад. Шабнам бо гурӯҳи рақсии “Падида” сурудхонон бо либоси миллии тоҷикӣ дар клип мерақсанд.

Продюсери Шабнами Собирӣ зимни сӯҳбат бо мо гуфт, клип дар муддати ду рӯз дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Варзоб сабт гардидааст ва таъкид кард, ки мухлисони сарояндаро сюрпризҳои зиёд интизоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД