formula
Шабнами Сурайё зодрӯзашро бо киҳо ҷашн гирифт?
908


Имрӯз ситораи №1-и эстрадаи тоҷик, бонуи ширинсадову ширинадо Шабнами Сурайё зодрӯз дорад.

Шабнами Сурайё аз зумраи овозхонҳои ангуштшумори тоҷик мебошад, ки танаҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз марзу буми кишвар низ шӯҳрату маҳбубияти зиёде дорад. Ин ҳунарманди хушзавқу хушсалиқа бо воситаи таронаҳои ҷаззобаш санъати тоҷикро дар мамолики хориҷӣ хеле муваффақона тарғиб мекунад. Мухлисони ҳунари Шабнами Сурайё дар Олмон, Амрико, Дубай ва дигар кишварҳои пешрафтаи олам хеле зиёд буда, ба ин бонуи булбулвози тоҷик садҳо таҳсину офарин мехонанд...

Ёдрас мешавем, ки Шабнами сурайё 14- октябри соли 1981 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Модараш Сурайё Қосимова дар байни мардум чун примадоннаи саҳнаи тоҷик машҳур гашта, хоҳараш Фарзонаи Хуршед низ аз зумраи сарояндаҳои саршиноси тоҷик ба шумр меравад.
Шабнам бори нахуст соли 2003 ба саҳна баромада, дар як муддати кӯтоҳ номаш вирди забони хурду калн гашт. Таронаи «Аз қудуми сафар»-и Шабнам дар хит-паради миллии Тоҷикистон мақоми аввалро гирифта, таронаи сол эътироф гашта буд ва ин суруд дар Афғонистону Ӯзбакистон ва дар кишварҳои дигар низ хит шуда, ҳамин тавр шӯҳрати Шабнами Сурайё аз марзи кишвар берун рафт.
Пас аз ба даст овардани маъруфият Шабнами Сурайё дар Аврупо ва Амрикои Шимолӣ (Ванкувер, Лос Анҷелес, Монреал, Ню Йорк, Сан-Франсиско, Торонто, Чикаго) сафарҳои консертӣ анҷом дода, шумораи мухлисонашро боз ҳам афзун гардонд.
Имрӯз номи Шабнами Сурайёро дар қатори машҳуртарини сарояндагони эронитабор аз қабили Лайло, Гугуш, Муин, Андӣ ва дигар ситораҳои Шарқ ба забон мегиранд, ки боиси ифтихори мардуми тоҷик аст.
Солҳои қаблӣ Шабнами Сурайё дар ҷашни зодрӯзаш барои ятимону бепараторон ҷашну хурсандӣ меорст, вале маълум нест, ки имрӯз Шабнам ҷашни зодрӯзашр бо кӣ ва дар куҷо таҷлил карда истодааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД