Шакарханд аз сомонаи Oila.tj
14.12.2025
Oila.tj
147

Таксӣ

Модар аз духтараш мепурсад:

- Ту дина шаб ба хона бо мошини кӣ омадӣ?

Духтар:

- Бо таксӣ.

Модар:

- Чаро ронандаи таксӣ туро дар назди подездамон бӯса кард?

Духтар:

- Ин навъи хизматрасонии муосир аст, тарофаи комфорт-плюс.

Нусхабардорӣ

Хушдоман аз келин мепурсад:

- Барои чӣ набераам ба писари ман монанд нест?

Келин мегӯяд:

- Хола, мебахшед, ман асбоби нусхабардорӣ надорам.

Пул чист?

Писарбачае ба падараш савол медиҳад:

- Дада, пул чист?

- Пул, писарам, ин мошин, шароб ва занҳои зебо,- ҷавоб медиҳад падар.

- Агар пул набошад чӣ?

- Дар ин ҳолат чой, троллейбус ва модари ту.

Фиреб

Духтар ба модараш занг мезанад:

- Оча, ман падарамро фиреб кардам. Барои пардохти шартномаи донишгоҳ аз он кас пул гирифтам, аммо барои худам палто харидам. Ҳоло чӣ кор кунам?

- Зиқ нашав, духтарам. Акнун палто дорӣ-ку, дар ин ҳавои сард дар кӯча зиндагӣ кардан бароят осон мешавад.

Интизорӣ

Марде ба беморхона занг мезанад.

- Гӯш мекунам,- садои маҳини занонае баланд мешавад аз он тарафи гӯшӣ.

- Салом, ин ҷо қабулгоҳ?

- Ин ҷо сардхона (морг).

- А-а-а, бубахшед, барои ман ҳоло барвақт аст...

- Боке не, мо интизор мешавем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД