4000 ҳазор раҳмат
Мӯйсафеде ба мусофирбар нишаста, ба бозори «Саховат» меравад. Вақти фаромадан ба ронанда мегӯяд:
- Ҳазор раҳмат бачем.
Ронанда дар ҷавоб мегӯяд:
- Бобо, бо ҳазор раҳмати шумо бензин харидаву зиндагиро пеш бурда намешавад.
Дар ин вақт мӯйсафеди дигаре аз қафои нақлиёт садо баланд мекунад:
- Бачем, зиқ нашав. Дар қафо 4000 ҳазор раҳмати дигар нишастаанд.
Тиреза
Пиразане назди табиб меояд. Духтур баъди муоина тавсия медиҳад:
- Бибиҷон, кӯшиш кунед, ки бо зинапоя пиёда наравед. Баъди як ҳафта шуморо интизор мешавам.
Баъди як ҳафта пиразан боз ба муоина меояд. Духтур ин дафъа мегӯяд:
- Ана, бибиҷон ҳолатон хеле беҳтар шудааст, акнун бемалол бо зинаҳо баромадан гиред.
Пиразан дар посух мегӯяд:
- Раҳмат писарам, вагарна аз тиреза ба хонаам даромадан хаста шудам.
Сигоркашӣ аз радио
Чӯпоне шаб радио гӯш карда, хомӯш кардани онро фаромӯш мекунад. Субҳ аз хоб хеста, ба радиои сӯхтаистода, ки аз дарунаш дуд мебарояд, нигоҳ карда, мегӯяд:
- Ин сағераҳо сурудхония бас карда, ба сигоркашӣ даромадаанд-ку.