goodwell
Шакарханди шоми якшанбе
22.11.2026
Оила
112

Шакарханд
Зане ба фурӯшандаи бозор мегӯяд:
- Ман 10 кг картошка хариданиям, вале метарсам, ки онро ба хона бурда наметавонам.
Фурӯшанда мегӯяд:
- Ғам нахӯред холаҷон, ман онро тавре бармекашам, ки бурда метавонед.
 
Аскарӣ
Писар аз падар мепурсад:
- Дада, шумо ба аскарӣ рафта будед?
Падар:
- Не, маро набурданд.
Писар ҳайрон шуда:
- Барои чӣ набурданд?
Падар мегӯяд:
- Маро наёфтанд!
 
Рашки набера
Дар дарси забон муаллима ба хонандагон супориш медиҳад:
- Бачаҳо оиди сифат ҷумла созед.
 Садбарг фавран ҷавоб медиҳад:
- Ҳалима аз мағоза қалами сурх харид.
Ҳошим якбора оташ гирифта мегӯяд:
- Номи бибии худата навис...
 
Нақша
Марде ба дӯсташ, ки дар муҳоҷират қарор дорад, занг зада мепурсад:
- Салим, дӯстам, тирамоҳ чӣ нақшаҳо дорӣ?
Салим мегӯяд:
- Нақшаҳои наполеонӣ дӯстам!
Мард мегӯяд:
- Фаҳмо. Яъне, ту билохира аз Русия гурехтан мехоҳӣ?
 
Рӯзи ид
Аз майхорае пурсиданд:
- Ту арақ менӯшӣ?
Майхора гуфт:
 - Танҳо рӯзҳои ид.
Боз пурсиданд:
 - Рӯзи идат кадом аст?
Мард гуфт:
 - Рӯзе, ки арақ ёбам, ҳамон рӯз бароям ид аст.
 
Ҷарима
Корманди Бозрасии Давлатии Автомобилӣ мардеро барои баланд намудани суръати нақлиёт ҷарима мекунад. Баъди гирифтани маблағи калон нозири роҳ ба ронанда квитансия медиҳад.
- Квитансия ба ман чӣ даркор? - мепурсад ронанда.
Нозири роҳ дар ҷавоб:
- Ин квитансияҳоро гум накунед, вақте ки шуморааш ба 12 расид, соҳиби велосипед мешавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД