arzon replenishment
Шаҳло соҳиби бахт мешавад
801

 

Шаҳло Ҳафизова сарояндаи ҷавоне, ки имрӯз бо таронаҳои ҷаззобу лаҳну шеваи хоси худ ба дили мухлисони ҳунар роҳ ёфт, оиладор мешавад.

Дар ин бора яке аз наздикони сароянда ба Oila.tj хабар дод.

Ба баёни манбаи мо, Шаҳлову номзадаш ҳамдигарро дӯст медоштанд ва инак, оиладор шуда истодаанд.
“Туйи онҳо саннаи 20-уми сентябр дар тарабхонаи “Привал охотника” бо ширкати сарояндагони маъруф ва дар доираи қонунгузорӣ дар соҳаи танзим баргузор мегардад”, - гуфт манбаъ.

Шаҳло Ҳафизова, зодаи ноҳияи Рашт буда, соли 2018 баъди сурудхонӣ дар телевизион ба олами шоу-бизнес роҳ ёфт. Ӯ тобистони ҳамон сол, вақте дар дараи Камароб бо хоҳиши кормандони “Телевизиони Тоҷикистон” ҳаваскорона таронаи мардумиро месуруд, сурудхониаш ба Сарвари давлат хуш омад.
Баъди ин, ӯ бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе омад ва дар дастаи ҳунармандони касбӣ тарона хонд. Президент гуфтанд, ки “дар куҷо дохил шудан мехоҳад ва Шаҳло “Донишгоҳи тиббӣ” гуфта, посух дод. Сарвари давлат таъкид карданд, ки “он ҷо ҳам, Худо хоҳад, мехонӣ, вале сурудхониатро напарто” ва Шаҳло ҳам бо роҳи ҳунар рафт.

Шаҳло Ҳафизова он замон гуфта буд, тобистони соли 2018 хабарнигорони телевизион тасодуфан бо ӯ дар кӯча вохӯрда, бо ризоияти волидон суруди мардумии “Имрӯз, ки соқии чаман наргиси маст аст...”-ро бозхонӣ кард. Ӯ қаблан ин сурудро дар чорабиниҳои мактабӣ месуруд, аммо дар гӯшаи хаёлаш набуд, ки рӯзе ин таронаро дар Душанбе ва дар назди раҳбари аввали кишвар иҷро мекунад.

Рӯзи 10-уми ноябри ҳамон сол Роҳбари давлат дар чорабинии бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҳунари Шаҳлоро ситоиш карда, барои ӯ имконияти зиндагӣ дар пойтахтро фароҳам оварданд.


Шаҳло хатмкардаи мактаби рақами 1-и шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт аст. Ӯ бо дастури вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ансамбли ҳунарии “Сипар”-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кор мекунад.

“Вақте дар саҳна будам ва ҷаноб маро фарёд карданд, ки “духтарҷон, пештар биё” ҳеҷ боварам наомад, ки маро мегӯянд. Президент дар Рӯзи милитсия гуфтанд, ки "куҷо дохил шудан мехоҳӣ?" Гуфтам, Донишгоҳи тиббӣ. Гуфтанд, ки “он ҷо ҳам, Худо хоҳад, мехонӣ, вале сурудхониатро напарто”, - гуфта буд ӯ.

Шаҳло сараввал донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббӣ шуда, муддати якуним сол нозукиҳои касби табибиро аз худ намуд. Вале баъди чанде аз донишгоҳи мазкур ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба номи Мирзо Турсунзода интиқол ёфта, имсол ин боргоҳи ҳунарро хатм кард.

Ӯ айни замон дар ансамбли “Сипар”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД