formula
Шарҳи Кумитаи телевизион оид ба вазъи сохтмони хонаҳояш
265

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишастҳои қаблии худ ваъда дода буд, ки барои кормандонаш бинои истиқоматӣ месозад.

Имрӯз нимни нишастии хабарии ин ниҳод хабарнигори “Oila” аз роҳбарияти Кумитаи мазкур дар мавриди вазъи корҳои иҷрошуда пурсид.

Суҳроб Ализода, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио, гуфт, ҷиҳати таъмини кормандон бо хонаҳои истиқоматии хизматӣ ду бинои баландошёна, иборат аз 144 хона, сохта мешавад. Аз ибтидои соли 2022 ҳамкориҳо бо ниҳодҳои дахлдор оғоз шуда, қитаи замин дар кӯчаи Бобо Ҳамдами ноҳияи Сино (наздики дарвозаи шаҳри Ҳисор) дар масоҳати 3,5 ҳазор метри мураббаъ ҷудо шудааст.

“Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 16 ноябр имзо шуд. Баъди ин, Кумита аз қайди давлатӣ гузашта, лоиҳаи ангоравӣ дар ҶСК “Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии «САНИИОСП»-и Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуда, Кумита хулосаи 13 мақомотро гирифт. Аллакай шартҳои техникӣ низ аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дастрас шуданд. Интизорем, ки рӯзҳои наздик ҳуҷҷатгузориҳо анҷом ёфта, музояда оғоз шавад. Баъди музояда корҳои сохтмонӣ сар мешаванд”, - гуфт Суҳроб Ализода.

Сипас, Нуриддин Саид аз номи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радио ба Раиси шаҳри Душанбе сипогузорӣ намуда, илова кард, ки лоиҳаи бино пурра омода шуда, айни ҳол дар Раёсати экспертизаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмон қарор дорад.

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:

НУРИДДИН САИД МАВҶУДИЯТИ "РӮЙХАТИ СИЁҲ"-И ТЕЛЕВИЗИОНРО ШАРҲ ДОД

“Мо интизорем. Шояд рӯзҳои наздик лоиҳа аз экспертиза мегузарад. Баъди ин, мо тендер элон мекунем. Ғолибро ёфта, сохтмонро оғоз мекунем”, - гуфт раиси Кумита.

Дар мавриди оне, ки киҳо соҳиби хона хоҳанд шуд, Нуриддин Саид гуфт, ҳамаи онҳое, ки манзили зист надошта, эҳтиёҷ ба ҷойи истиқоматӣ доранду дар шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ, ансамблу дастаҳои ҳунарӣ, Бозрасии назорат дар соҳаи телевизиону радио ва дигар сохторҳои Кумитаи телевизион ва радио кор мекунанд, соҳиби хона мешаванд.

“Пеш аз ҳама мо онҳоро меомӯзем, чунки биноҳо иборатанд аз 24 духонагӣ, 24 сехонагӣ ва 120 сехонагӣ. Ҳар як номзадро мо алоҳида мебинему меомӯзем. Биноҳо шояд аз ҳисоби Кумита сохта шуда, ба сифати манзили хизматӣ дода шаванд. Шояд чун иппотека ва ё шояд аз ҳисоби худи кормандон низ сохта шаванд. Мо бештар мехоҳем аз ҳисоби Кумита сохта шавад, чунки ҳамаи шабакаҳо буҷҷаи реклама доранд. Онҳо дархост карда, сохтмони чанд ҳуҷраро бар уҳда мегиранд ва эҳтиёҷи кормандонашонро мебароранд”, - гуфт Нуриддин Саид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД