Oila 5 years
Шарм доред, духтарҳои шавҳардуз!
08.10.2022
ОИЛА
1381


Салом, номи ман Озода. Мехоҳам дар бораи духтароне гап занам, ки ба оғӯши мардони зану фарзанддор медароянд.

Ман мефаҳмам, ки имрӯз мард ё ҷавони хубро пайдо кардан душвор аст, вале ин маънои онро надорад, ки хонаи дигареро вайрон созед. Фаромӯш накунед, ки дар ғами дигарон хушбахтӣ сохтан ғайриимкон аст. Духтарон имрӯз метавонанд таҳсил кунанд, омӯзанд, касбу кор аз худ намоянд. Ҳоло барои ҷавондухтарон ин қадар имкониятҳои хуби таҳсилу омӯзиш фароҳам оварда шудааст, вале ба ҷои он ки дар фикри рушди шахсӣ бошанд, шавҳари пулдор меҷӯянд. Баъзе духтарон оилавйрон шуда, қасоси бахти шикастаи худро аз дигарон мегиранд.

Имрӯз духтари 18-сола аксҳои урёни худро ба марди зандору фарзанддор мефиристад ва барои ба чанг афтонидани марди пулдор ба ҳама кор қодир аст. Духтарони сода намедонанд, ки обрӯи рехтаро барқарор кардан номумкин аст. Мо занҳои шавҳардор аз як тараф ба фишори пайвандони шавҳар гирифторему аз ҷониби дигар хавотир ҳастем, ки чунин духтарони беандеша шавҳаронамонро аз таги биниямон кашида мебаранд. Илтимос, хоҳарони азиз, андеша намоед, хонаи моро вайрону фарзандонамонро дар ба дар насозед.
Фотима

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД