goodwell
Шаҳрвандону соҳибкорони инфиродӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом додаанд
22.07.2026
Oila.tj
88

Дар нимсолаи аввали соли 2026 шаҳрвандон ва соҳибкорони инфиродӣ дар Тоҷикистон тавассути POS-терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом додаанд. Ҳаҷми умумии ин амалиётҳо беш аз 1,6 миллиард сомониро ташкил додааст.

Дар ин бора Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон имконият фароҳам оварда шудааст, ки андоз ва боҷҳои давлатиро бо истифода аз хизматрасониҳои эквайрингӣ, ҳамёнҳои электронӣ ва дигар воситаҳои пардохтии электронӣ пардохт намоянд.

Айни замон Кумитаи андоз ба андозсупорандагон ва шаҳрвандон беш аз 50 намуди хизматрасонии давлатии электрониро пешниҳод мекунад. Ин хизматрасониҳо иҷрои уҳдадориҳои андозиро осон ва дастрасии шаҳрвандонро ба хизматрасониҳои давлатӣ бештар менамоянд.

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумораи андозсупорандагоне, ки ҳисоботи худро дар шакли электронӣ пешниҳод мекунанд, 14 ҳазор нафар зиёд шудааст. Субъектҳои фаъоли хоҷагидорӣ, ба истиснои онҳое, ки муваққатан фаъолият надоранд, эъломия ва ҳисобҳои андозиро танҳо дар шакли электронӣ пешниҳод мекунанд.

Тибқи маълумоти Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ба ҳолати 1-уми июли соли 2026 шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор ба 391,2 ҳазор расидааст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3 ҳазор бештар мебошад.
Дар ин давра шумораи шахсони ҳуқуқӣ 388 адад ва соҳибкорони инфиродӣ 9,9 ҳазор нафар зиёд шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД