arzon replenishment
Шавҳар як сол ба хона наояд, дубора никоҳ кардан лозим аст?
07.09.2024
ШОДОНА
1249

Аксари мардони тоҷик маҷбуранд, ки барои пеш бурдани зиндагии оилаашон ба Русия ва кишварҳои дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд. Шавҳари ман ҳам пас аз хонадор шуданамон се моҳ бо ман зиндагии якҷоя намуда, нӯҳ моҳ аст, ки дар хориҷа аст. Ба қарибӣ ӯ аз сафар бармегардад. Бисёриҳо мегӯянд, ки агар зану шавҳар 6 моҳ зиндагии якҷоя надошта бошанд, никоҳашон ботил мешавад. Оё ман бо шавҳарам аз нав никоҳ бандам?

ШОДОНА, ш. Душанбе

Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Хоҳари азиз, ин ҳарферо ки гӯё зану шавҳар 6 моҳ зиндагии якҷоя надошта бошанд, никоҳашон ботил мешавад, мо ҳам борҳо мешунавем. Ин ҳарф асоси шаръӣ надорад. Никоҳи зану мард ҳамон вақт ботил мешавад, ки мард ҳамсарашро тибқи шариат талоқ диҳад.

Агар сабаби дар хориҷи кишвар зиндагӣ кардани марди мусалмон ягон зарурати рӯзгор, аз қабили таҳсил, тиҷорат ё ба даст овардани маблағ барои таъмини зиндагӣ ва маишати аҳли хонавода бошад, боке надорад. Шавҳари шумо бо оила пайваста дар тамос бошад, барои таъмини рӯзгори шумо ба хориҷа рафта бошад, Худованд ҳифзаш кунад. Аммо бе ягон сабаб моҳҳову солҳо занро танҳо мондан рафтан раво нест.

Худованд марду занро барои ҳамдигар офаридааст. Шавҳар бояд ҳамеша дар бари ҳамсараш бошад ва ниёзҳои ӯро қонеъ гардонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД