Ману шавҳарам якдигарро дӯст дошта оиладор шудем. Аз рӯзи аввале, ки бо Саид шинос шудам, дар наздаш шарт гузоштам, ки баъди тӯй кор мекунаму дукаса аробаи зиндагиро мекашем. Шавҳарам дар аввал розӣ буд, вале ҳамин ки маро арӯс карда, ба хонаашон бурд, ба кор баромаданро бароям манъ намуд.
Инак, 8 сол мешавад, ки дипломро таги болишт монда, мисли дигар занҳои хонашин аз пайи руфтану шустан ва нигоҳубини фарзандон машғулам. Баъзан худамро дар оина дида, афсӯс мехӯрам, ки аз ҳусну малоҳатам осоре намондааст. Ҳол он ки мактабу донишгоҳро бо баҳои аъло хатм намуда, метавонам дар ҷое кор карда, дар пеш бурдани зиндагӣ ба шавҳарам кумак расонам.
Мутаассифона, шавҳарам баробари шунидани ибораи «кор мекунам» девона мешавад ва мегӯяд, ки зан баробари аз хона баромаданаш бероҳаву саҳроӣ мешавад. Шавҳарам мушт ба сина мекӯбад, ки кор кардани ман кифоя аст, вале маошаш барои камбудиҳои рӯзгорамон базӯр мерасад.
Ҳар дафъае, ки барои ниёзҳои шахсии худам пул даркор шавад, шавҳарам дағалона мегӯяд, ки “фасониро барои кӣ мекунӣ, ту ба ман ҳамин хел ҳам маъқул ҳастӣ”, вале аз дидани занҳои зебо ҳушаш рафтани шавҳарамро дида девона мешавам.
Чӣ хел карда ба шавҳарам фаҳмонам, ки маро барои кор кардан иҷозат диҳад? Намедонам.
Шумо бонувони азиз ба ҷойи ман мебудед чӣ кор мекардед? Бароям маслиҳат диҳед?
М., хонандаи сомона