sebiston july new
Шавҳари афғон карда, дар бало мондам
4195


Ману Зардун дар бозори Фаровон шинос шуда, бо никощи мусалмонь ришаи тацдирамонро бо щам пайвастем. Шавщарам афғон буда, зодаи вилояти Мазори шарифи Афғонистон мебошад.

Вай тоҷир аст ва чандин сол боз аз кишварҳои гуногун бор оварда, мефурӯшад. Баробари маро дидан Зардун ошиқи зорам гашта бо ваъдаҳои осмонӣ диламро ба даст овард ва рӯзи дигар ба хонаамон хостгор фиристод. Азбаски синну солам аллакай ба ҷое расидаю аксари ҳамсинфонам ду-сетогӣ фарзанд доштанд, волидонам розигӣ доданд, ки бо ин марди афғон оиладор шавам. Зардун баъди тӯй маро ба хонаи дар маҳалаи Зарафшон будааш овард. Шавҳарам марди сафар буд, як рӯз дар хона бошад, чанд моҳ дар Русия, Туркия ва дигар кишварҳо мегашт, вале ман аз чизе шикоят надоштам, чунки барои таъмини зиндагиам ҳамеша пули кироӣ медод. Як шом вай ба ман гуфт, ки тайёриамро бинам, ба аёдати падару модараш ба Афғонистон меравем. Хурсанд шудам, ки шавҳарам маро бо волидонаш шинос мекунад, вале дар Афғонистон мо ҳамагӣ ду рӯз истода, боз ба Русия раҳсипор гаштем. Диламро худ аз худ сиёҳӣ пахш карда аз пешомади ногуворе дарак медод, метарсидам, ки шавҳарам ягон бизнеси ҳаром надошта бошад. Беҳуда “дил гувоҳи ҳақ аст” намегуфтаанд, Зардуни худобехабар ба хариду фурӯши маводи мухаддир сару кор доштааст ва давлату сарваташ аз ҳисоби наркотик будааст. Дар Русия шабе полисҳо ба хонаи мо зада даромаданд, вале Зардунро дастгир карда натавонистанд. Аз пасаш шудани пусилро фахмида хамон бегох у ба кучое ғайб зада буд. Шавҳари афғонам бо ҳамин гумном шуду мани танҳо дар мулки русҳо сарсону саргардон мондам. Дар як боғчаи бачагона фаррош шудам, то аз гуруснагӣ намирам. Пас аз чанд моҳ Зардун ба ман занг зада гуфт, ки ба наздикӣ ба Русия меояд ва маро гирифта ба ягон кишвари аврупоӣ мебарад, вале гапашро бурида дод задам: “Ман бо ту ба ҳеҷ куҷо намеравам, бангии худозада! Наркобарони бевиҷдон, фикр накардӣ, ки баъди гурехта рафтани ту ҳоли ман чӣ мешавад?! Ҳамон рӯз пулисҳо маро мебурданд, аз рӯи ту барин касофати героинфурӯш ҷойи мани бегуноҳ як умр кунҷи торику сарди зиндон мегашт. Дигар аз рангу рӯят безорам, набиё...” Хулоса, сари қаҳр ҳар чи аз даҳонам баромад, гуфтам. Зардун ба ғазаб омада таҳдид кард, ки барои ҳар як суханам албатта ҷавоб медиҳам. Мардуми афғон бисёр кинагир ҳастанд, метарсам, ки шавҳари нашъаҷаллобам ягон балоро ба сарам наорад. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД