Commerce bank may-june 2026
Шавҳари ҷавон кардаму оромӣ надидам...
30.05.2026
Oila.tj
190

Салом аҳли эҷод ва хонандагони азиз! Бо дили пурдард ба шумо нома менависам, шояд маслиҳате ёбам ва ё дилам андаке сабук шавад. Ман зане ҳастам, ки муҳаббатро аз ҳама боло гузоштам, аммо имрӯз намедонам ин муҳаббат маро ба куҷо бурд...

Аз шавҳарам 10 сол калон ҳастам. Вақте Исмат ба ман пешниҳоди издивоҷ кард, борҳо гуфтам, ки фарқияти синну соли мо баъдтар мушкил эҷод мекунад. Аз ҳама бештар аз модараш метарсидам. Ба ӯ ошкоро гуфтам: “Имрӯз дӯст медорӣ, аммо фардо модарат мегӯяд, ки занат аз ту калон асту зиндагиро талх мекунад”.

Вале шавҳарам чунон қасам мехӯрд, ки кас бовар мекард. Мегуфт, ки модараш ба зиндагии мо дахолат намекунад ва маро ҳеҷ гоҳ озор намедиҳад.

Бо орзуҳои ширин ба хонаи бахтам рафтам, аммо аз рӯзи аввал фаҳмидам, ки хато кардаам. Хушдоманам рӯйи хуш надод. Ҳарчанд худаш маро келин карда бошад ҳам, ҳамеша аз ман айб мекобад. Ягон кори кардаам ба ӯ маъқул нест. Ҳамеша ба писараш мегӯяд, ки “занат аз ту калон аст, ҷавоби ӯро деҳ”. Гӯё ман ягон ҷиноят содир карда бошам!

Чанд бор бо фитнаи модараш шавҳарам маро латукӯб кард. Бо кӯдаки хурдсолам гирён ба хонаи модарам рафтам. Қасд доштам ҷудо шавам, вале шавҳарам омада зориву тавалло кард, ки баргардам. Боз бовар кардам. Аммо баъди чанд рӯз ҳамааш такрор мешавад, модараш оташ меандозад ва шавҳарам мисли душман ба сарам мушту лагад мебардорад.

Имрӯз як фарзанд дорам ва боз ҳомилаам. Ҷонам ба лабам расидааст. На меҳрубонии шавҳарро мебинаму на қадршиносӣ. Ҳамеша худро гунаҳкор ҳис мекунам, танҳо барои он ки аз шавҳарам калонтарам.

Баъзан шабҳо бедор мешаваму фикр мекунам, ки магар зан агар аз шавҳараш чанд сол калон бошад, ҳақи зиндагии ором надорад? Магар муҳаббат барои зиндагии хушбахтона кофӣ нест?

Намедонам чӣ кор кунам. Аз як тараф фарзандро фикр мекунам, аз тарафи дигар, тоқати ин зиндагии пур аз ҷангу ҷанҷолро надорам.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед: оё боз сабр кунам ё роҳи худро ҷудо созам?

МАСТУРА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД