Arzon march 2024
Шавҳари гумном, духтари маъюб ва зиндагии сангини Фотима
1176

 

Дили ин зан ба як кӯза зардоб мемонад, зеро солиёни зиёдест, ки дар зиндагӣ фақат дарду ранҷу азоб мекашад, вале апаи Фотима ғамро бо ханда кушта, алорағми тақдири хеш мардонавор мубориза мебарад. Чеҳраи хандон ва чусту чолокиашро дида, кас гумон мекунад, ки ҳаёти хушу хуррамонае дорад, аммо муддати 18 сол аст, ки ӯ азоби дар ба дарию хориву зорӣ мекашад. Фотима Раҳмонова ҳамроҳи ду духтари падардори бе падараш дар маҳаллаи Шайнак, ки пештар бо номи “Шайнаки хукпарварӣ” машҳур буд, як бинои вайронаву валангор, ки замоне боғчаи бачагона буд, умр ба сар бурда истодааст. Аз як тараф алами бехонагиву дар ба дарӣ, аз ҷониби дигар ғаму дари духтари барқади маъюбаш ӯро дарун ба дарун сӯхта, хокистар мекунад.

Биёед, беҳтараш саргузашти талхи ин зани ҷафокашидаро аз забони худаш бишнавем.

-Апаи Фотима каме дар бораи худатон нақл мекардед?

-Ман Фотима Раҳмонова, зодаи ноҳияи Панҷ ҳастам, вале чандин сол шуд, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунам.

-Шавҳар карда, ба пойтахт омадед?

-Не, ҷанги шаҳрвандӣ маро ба шаҳри Душанбе овард. Насли нисбатан калонсолтар албатта дар ёд доранд, ки дар давраи ҷанги гражданӣ мардуми Панҷ ранҷу азобҳои зиёде кашиданд. Яроқбадастон хонаҳои мардумро оташ мезаданд, духтарҳои қадрасро аз пеши чашми падару модарашон зӯран кашола карда, бо худ мебурданд ё ба номусашон даст дароз мекарданд. Бисёриҳоаз тарси ҷон хонаву дарашонро партофта, рӯ ба гурез мениҳоданд. Мо ҳам ҳамон солҳо гуреза шуда, ба пойтахт омадем. Тақдиру насиб будааст, дар ин ҷо ба ман хостгор баромаду шавҳар карда, шаҳрӣ шуда мондам, вале аз бахт ҳеҷ наосудам.

-Чаро аз бахт наосудам мегӯед? Шавҳаратон шуморо мезад ва ранҷу озор медод?

-Кош озор медоду дар болои сари фарзандонаш мебуд, шояд он вақт ин қадар ранҷу азоб ва хорию зорӣ намекашидам.

-Магар шавҳаратон аз дунё гузашт?

-Ростӣ, падари фарзандонам зинда аст ё мурда намедонам, чунки қариб 15сол боз бе ному нишон аст. Духтари хурдиам 2-сола буд, ки “Россия коркунӣ меравам” гуфта, чиптаи ҳавопаймо хариду аз хона баромада рафт. Рафту бо ҳамин бедарак шуд.  

-Падари бачаҳоятонро суроғ накардед? Эҳтимол дар Русия зани дигар гирифта бошад ё фалокате ба сараш омадааст?

-Шавҳарам падару модар надошт, ки ба суроғаш раванд. Ман-як зани танҳо ду кӯдаки хурдсолро партофта, ба куҷо мерафтам?! Ростӣ, чанд бор аз одамоне, ки ба Русия рафта меомаданд, суроғаш кардам, лекин касе дар бораи зинда ё мурда буданаш чизе нагуфт. Як мардаки капа-калонро гӯё замин фурӯ бурда бошад, чунон ғайб зуд, ки аз ӯ ҳатто нишоне ҳам пайдо накардам.

-Қабл аз рафтанаш байнатон ҷангу ҷанҷол нашуда буд? Эҳтимол аз шумо ранҷида, дигар суроғатон накардааст...

-Не, зиндагиамон хуб буд. Хонаву дар надошта бошем ҳам, якдигарро ҳурмату эҳтиром мекардем ва дӯст медоштем. Ман дар театр кор мекардам ва тамоми ҳастиамро ба шавҳару фарзандонам бахшида будам, вале тақдир ҳамин будааст. Шавҳарам баъди рафтанаш ҳамагӣ ду бор пул фиристоду бо ҳамин бедарак шуд.

-Гуфтед, ки духтарам бемор аст. Модарзод маъюб ба дунё омада буд ё баъдтар бемор шуд?

-Ягон иллат надошт, як кӯдаки солим ва хушрӯяк буд, вале як сӯзандоруи дар синни дусолагӣ гирифтааш духтаракамро кар кард. Бар замми маъюб буданаш хунаш кам аст-анемия дорад.

-Чаро табобат накардед?

-Эҳ хоҳарҷон, замоне ман ҳам зани коргар будам ва зиндагии шоиста боштам. Хонаи шахсии худро надошта бошам ҳам, дар зару зевар ғӯтта зада мегаштам. Ба хотири фарзанд тамоми тилловориҳоямро фурӯхтам, вале табобат ягон натиҷа надода, ҳоли духтарам ягон зарра беҳтар нашуд. Ба гардани каҷи духтарам нигариста, дилхун мешавам. Ҳамсолонаш баъди хатми мактаб ба донишгоҳу донишкадаҳои олӣ дохил шуда, шоду хурсанд ба дарс мераванд, вале духтараки ман ба кабки қафас мемонад. Гӯшаш ношунаво ва забонаш лол бошад ҳам, бисёр духтари ҳунарманд аст. Бо сӯзану ришта чунон чизҳои аҷибе медӯзад, ки кас дар ҳайрат мемонад. Пуле надорам, ки барояш ақалланяк мошинаи дарздӯзӣ харида диҳам, то ки дар хона дӯзандагӣ карда, ҳам чор сум пул кор кунад ва ҳам зиқу маъюс нашавад.

-Духтари хурдиатон чандсола аст?

-Имсол синфи 9-умро хатм мекунад. Бисёр духтари бо ақлу ҳуш ва донишаш хуб аст. Орзуи духтур шудан дорад. Ростӣ, ман худам зани таҳсилкарда ҳастам, замоне муҳосиб-бухгалтер шуда кор мекардам. Бисёр мехоҳам, ки духтаронам дар мактабҳои олӣ хонда, соҳиби касбу ҳунар гарданд, вале имконияти хонондани фарзандонамро надорам. Зӯрам ба 4-5 сол пули шартномаи таҳсил додану онҳоро бо сару либос ва дигар лавозимоти таълимӣ таъмин кардан намерасад, охир нони шикамашонробазӯр ёфта истодаам. Гӯр дар сари кмабағалӣ, одам ягон орзуву ҳаваси дилашро амалӣ карда наметавонад. Ақаллан, як кулбача медоштем,шояд ин қадар азоб намекашидем...

-Хонае, ки айни замон зиндагӣ карда истодаед, моли кист?

-Ин ҷо замоне боғчаи бачагона будааст. Пештар ман бо фарзандонам дар хобгоҳ зиндагӣ мекардам, вале зӯрам дигар ба пардохти маблағ нарасида, қарздор шудам. Маҷбур шудам, ки аз бонк пул гирифта, қарзҳоямро диҳам ва аз хобгоҳ кӯч бандам. Як дугонаам дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекард ва дилаш ба ҳолам сӯхта, маро ба ин ҷо овард, то ки бо ду фарзанд дар кӯча намонам. Аз моли дунё фақат ду духтар ва як гилему ду кӯрпаи кӯҳна дораму халос, вале ба ҳаминаш ҳам шукрона мекунам.

-Зиндагиатонро чӣ хел пеш мебаред?

-Бо чойфурӯшӣ. Дар хона чою компот карда, ба бозор бурда мефурӯшам ва дар як рӯз 15-20 сомонӣ даромад меёбам, ки аз ин пул панҷ сомониаш роҳкиро мешавад.

-Бо 10-15 сомонӣ чӣ хел зиндагӣ мекунед?

-Бо ҳамон 10 сомоние, ки мемонад, як рӯз орд харида, ҳамагӣ ду дона нон мепазам, рӯзи дигар ба 5-сомонӣ картошкаю ба 5 сомонӣ пиёз мехарам. Зӯрам ба харидани 1 кило равған намерасад. Фақат равғани 750 грамма мехарам ва бо 1 дона картошкаю 1 пиёз хӯрок мепазам. Сарфа шавад гуфта, дар як рӯз фақат 1 ё2 маротиба хӯрок мехӯрем. Духтарам тез-тез бемор мешавад. Ба назди духтар мебарам. Дорую дармон менависанд, вале дорухат моҳҳо дар рафи тиреза меистад, чунки барои харидани дору пул надорам...

-Мақсади ба “Оила” муроҷиат карданатон чист?

-Саломатиам вақтҳои охир хуб нест. Фишори хунам тез-тез баланд мешавад. Метарсам, ки ягон рӯз мурда монам, фарзандонам дар кӯча мемонанд, аз ҳамин хотир, бо умед ба “Оила” муроҷиат кардам, ки шояд ягон одами хайрхоҳ пайдо шуда, ба мо ақаллан як сотих замин медиҳад. Ба ман хонаву дари бошукӯҳ лозим нест. Фақат як порча, ҳамагӣ як сотих ё аз он ҳам камтар замин бошад, кифоя аст. Зан бошам ҳам, ман иродаи мардона дорам ва худам лой шӯридаву девор зада, барои фарзандонам як кулбача месозам, то баъди сари ман дар кӯча намонанд. Хоҳарҷон, охир мо то ба кай дар ба дари хонаи мардум мегардем?! Ҷонам аз ранҷу азоби дар ба дарӣ ба лабам расидааст. Дилам мисли як кӯза зардоб аст, вале додамро ба кӣ гӯям, намедонам. Дигар чизе гуфта наметавонам...(Бо алам мегиряд)

-Умедворем, ки муштариёни ҳафтаномаи “Оила” ба хотири ризои Худованд дасти ин зани бенаворо мегиранд ва кӯмаки худро аз апаи Фотима ва духтари маъюби ӯ дареғ намедоранд.

Шахсоне, ки ба ин оилаи ниёзманд ёрӣ расониданиянд, метавонанд хайрияи худро ба корти бонкии 9762 0000 2700 2897 (корти миллӣ аз Душанбе Сити) гузаронанд ё ба рақамҳои 902-44-51-32 ва 908-80-74-50 занг зада, бо худи апаи Фотима сӯҳбат кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД