sebiston july new
Шавҳари майзадаамро аз хона пеш кунам ё...?
1619

 

Ман як модарам. Як модари танҳо. Дар зиндагӣ бисёр ранҷу азоб ва машаққату тангдастиҳо кашида бошам ҳам, на гадоӣ кардам ва на пеши касе лаб ба шикоят кушодам.

Ман бо чор кӯдак бе шавҳар мондам. Падари бачаҳоям ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафту бо ҳамин бедарак шуд,дигар на мурдаашро ёфтему на зиндаашро. Бори гарони зиндагӣ бар дӯшам афтид. Маҷбур будам, ки чор кӯдаки хурдсолро танҳо монда ба кор равам. Саҳар идораи ҷамоатро мешустаму нисфирӯзӣ мағозаи деҳаро, бегоҳ бошад, ба хонаи ҳамсояи сарватмандамон рафта ба кору бори хонаи ӯ кӯмак мекардам.

Хуллас, бо меҳнати ҳалол кӯдаконамро ба по хезондам. Имрӯз яке инженер асту дигарӣ дар донишгоҳи тиббӣ таҳсил мекунад, саввумӣ донишҷӯйи донишгоҳи аграрӣ буда, фарзанди хурдиам дар колеҷи тиббӣ мехонад. Хеле шодам, ки фарзандонамро ба по хезондам, вале падарашон баьди 19 сол пайдо шуда, рӯзамонро боз сиёҳ кардааст... Ростӣ, вақти баргаштанаш фарзандонам ӯро кабул накарданд, вале дили ман ба ҳолаш сӯхту қабулаш кардам, аммо шавҳарам як марди бекорхӯҷаву майзада шуда мондааст. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, мисли бмжҳо партов мекобад. Ҳар рӯз дар хонаамон аз рӯйи ҳамин корҳои шавҳарам ҷангу ҷанҷол аст. Писаронам мегӯянд, ки ӯро аз хона пеш кун, охир бо ин кору рафтораш моро дар байни мардум шарманда мекунад. Ҳайрон мондаам, ки чи кор кунам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Бо эҳтиром: Парвина

Таҳияи Шаҳлои Наҷмиддин

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД