formula
Шавҳари золим дар пеши чашми модараш Дилафрӯзро 12 корд зад
859

 

Мард бо чашмони хунгирифта ҳамсарашро думболагирӣ кард ва дар пеши чашми модараш ба синаи Дилафрӯз пай дар пай 12 корд зад. Замин дар як лаҳза аз хуни ин ҷавонзани ормонӣ гулгун гашт....модари ваҳшатзада худро болои ҷисми хуншори духтараш партофт...

Ин лаҳз аз ягон сериали туркӣ набуда, ҳодисаи ваҳшатборест, ки дар як гӯшаи Тоҷикистон, аниқтараш дар шаҳри Норак рӯй додааст. Асдиллин Авлиёев, шавҳари бераҳми Дилафрӯз Раҳмуддинова, ки мисли дарранда ҷисми ҳамсарашро пора-пора карда буд, баъди қариб ним соли куштори ваҳшиёнаи занаш ба ҷазои сазовор гирифтор гашт. Ҳайъати мушовараи парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Тоҷикистон сокини шаҳри Авлиёев Аслиддин Анбиёевичро бо ҷурми куштори бераҳмонаи ҳамсараш Саидова Дилафрӯз ба 19 солу 4 моҳи зиндон маҳкум кард.
Дар арфти тафтишот маълум гаштааст, ки Аслиддин Авлиёев бо ҳамсараш Саидова Дилафрӯз Раҳмуддиновна пайваста ҷануг ҷанол мекардааства муносибатҳояшон дар пайи ҳамин муноқишаҳои оилавӣ вайрон шудааст. Аслидин нисбати занаш дар дил кина гиирфта, чанд маротиба Дилафрӯзро лату кӯб қарор медиҳад ва ахиран нақшаи аз ҳаёт маҳрум сохтани ӯро таҳрезӣ менамояд. Авлиёев бо ҳаимн мақсад субҳи 20- июни соли 2022 бо худ корд гирифта, ба суроғаи шаҳри Роғун, кӯчаи Норакиён, бинои 22, ки ҳамсараш дар он ҷо муваққатан бо модараш Саидова Хайринисо Сангалиевна зиндагӣ мекард, омадааст. Шавҳари лозим дар роҳ бо занаш рӯ ба рӯ мешавад ва Дилафрӯзу модараш думболагирӣ намуда, бо корди дасташ бо як бераҳмии махсус дар пеши чашми модараш Дилафрӯзро 12 корд мезанад. Бар асари ин зарбаҳои ҷонкоҳ зан ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Аслиддин Авлиёев баъди ба қатл расонидани ҳамсараш Саидова Дилафрӯз бо нияти аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо дур мондан, бо корди дар дасташ буда ба ба қисмати гардани худаш низ чанд зарба мезанад. Марди занкӯш бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, барои табобат дар беморхонаи шаҳри Роғун бистарӣ карда шуд ва табибон ӯро аз марг наҷот додаанд, аммо гурехтан аз ҷазо ба Аслиддини золим муяссар нагашт. Ин марди беандеша қариб 20 соли умри ҷавонашро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард. Оё рӯҳи ҳамсари ҷавонмаргаш Аслидиднро дар кунҷи зиндон ором мегузошта бошад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД