Onebook
Шавкат Халилов, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон аз олам даргузашт
4901

Шавкат Халилов, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва саркоргардони Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ шоми дирӯз, 15-уми май, аз олам даргузашт. Дар ин хусус дӯстону ҳамкоронаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ додаанд.

Гуфта мешавад, ки Шавкат Халилов чанд рӯз боз бо сабаби бемории талхадон дар беморхона бистарӣ буд. Маросими видоъ бо ин коргардони маъруфи тоҷик то соати 12:00 дар суроғаи гузаргоҳи 3, кӯчаи Б. Ғафуров доир гардида, маросими дафн соати 13:00 дар қабристони “Сариосиё” баргузор мегардад.

"Шавкат Халилов хатмкардаи ДДСТ ба номи М.Турсунзода (1978) ва Институти давлатии театр, мусиқӣ ва кинематаграфияи Ленинград (1985) буд.
Чанд соли охир Халилов вазифаи саркоргардони Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айниро ба зимма дошт".

Аз маъруфтарин намоишномаҳои Шавкат Халилов ба рӯи саҳнаи театр оварда, “Лайлатулқадр” –и Ю.Акбаров, “Авлиё ва осӣ”-и А.Варфоломеев, “Моҷарои обфурӯш”-и Мастон Шералӣ ва Шодон Ҳаниф, “Тӯйи бедомод”-и Ҷумъа Қуддус, “Фарёди ишқ”-и Ғанӣ Абдулло, “Хизматгори ду хоҷа”-и К.Голдони ва даҳҳо намоишномаҳои ҷолиб буданд, ки дар ёду хотири аҳли ҳунар номи ӯро зинда медоранд.

Аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони маҳум ҳамдардии амиқ изҳор намуда, дар таҳаммули ин фоҷиа барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд. Бигзор ҷойи устод Шавкат Халилов равзаи биҳишт ва руҳашон ҳамеша дар оромиш бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД