Мадина тасмим гирифт аз донишгоҳ академически гирифта муваккатан равад. Ӯ дигар тоқати дидани Ашрафро надошт.
Аммо як рӯз Ашраф ӯро дар назди донишгоҳ дид ва пеши роҳашро гирифт.
— Мадина, илтимос, як дақиқа гӯш кун.
— Ашраф, мо дигар чӣ гап дорем?
— Ман мехоҳам аз ту узр пурсам. Медонам, ки туро ранҷондам. Аммо бовар кун, ман ҳеҷ гоҳ қасди фиребатро надоштам.
Мадина бо алам гуфт:
— Медонӣ, Ашраф, ман ҳам як замон орзу мекардам, ки рӯзе бо ту зиндагӣ кунам. Аммо баъд фаҳмидам, ки ту зан дорӣ, зане, ки фарзанди туро интизор аст. Ман намехоҳам рӯзе модари фарзанди ту аз сабаби ман гиря кунад.
— Пас ту дигар маро дӯст намедорӣ?
Мадина ашкҳояшро нигоҳ дошта натавонист.
— Мушкил дар дӯст доштан ё надоштан нест. Баъзан инсон касеро дӯст медорад, аммо бояд аз ӯ дур шавад.
Як шаб, тақрибан соати дуи шаб, Ашрафро аз хоб бедор карданд.
— Ашраф.Ашраф, зуд хез.Занатро ба беморхона бурдан лозим.
Ин овози модараш буд.
Вақте ба ҳуҷра даромад, ҳамсараш аз дарди сахт азият мекашид.
— Ашраф,ман метарсам илтимос, кӯдакамонро наҷот деҳ.
Ашраф ӯро ба беморхона бурд. Духтурон фавран ӯро ба утоқи ҷарроҳӣ бурданд.
Ашраф дар долон даст ба дуо бардошт.
— Худоё, агар ман дар зиндагӣ ягон гуноҳ карда бошам, маро бубахш. Фақат ҳамсарам ва фарзандамро аз ман нагир.
Пас аз чанд соат дари утоқи ҷарроҳӣ кушода шуд.
Духтур берун баромад.
Ашраф бо тарсу ҳарос наздаш давид.
— Духтур, ҳамсарам чӣ шуд? Фарзандам чӣ?Духтур чанд лаҳза хомӯш монд ва баъд гуфт:
— Табрик, шумо соҳиби писар шудед.
Ашраф аз шодӣ гиря кард.
— Пас ҳамсарам? Метавонам ӯро бинам?
Чеҳраи духтур ҷиддӣ шуд.
— Ҳамсаратон ҳоло дар ҳолати вазнин қарор дорад. Мо тамоми кӯшишамонро мекунем.
Ашраф гӯё замин дар зери пояш холӣ шуд.
Ӯ ба девор такя карда, оҳиста ба замин нишаст.
Аз дохили утоқ садои гиряи кӯдакаш меомад.
Ашраф дар долони беморхона даст ба дуо бардошта буд. Чашмонаш аз гиря сурх шуда буданд. Ӯ ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ чунин тарсро эҳсос накарда буд.
Пас аз чанд дақиқа ҳамшира кӯдаки навзодро ба оғӯшаш дод.
— Ин писари шумост. Табрик.
Ашраф кӯдакро ба оғӯш гирифт. Писаракаш чашмонашро пӯшида, ором мехобид.
Ашраф ба рӯяш нигариста, ашк рехт.
— Писарам, ман падарат ҳастам.. Бубахш, ки то имрӯз дар бораи модарат кам ғамхорӣ кардам. Қасам мехӯрам, ки дигар намегузорам ту мисли ман аз беинтихобӣ ранҷ кашӣ.
Аммо хушҳолии ӯ дер давом накард.
Ашраф зуд ба наздаш рафт.
— Духтур, ҳамсарам чӣ ҳол дорад? Илтимос, росташро гӯед.
— Вазъи ҳамсаратон хеле вазнин аст. Ҳангоми таваллуд хунравии зиёд шуд.Ноилоч ба воситаи чаррохи тифлро гирифтем. Ҳоло ӯро таҳти назорат дорем.
— Не, духтур.Ҳар қадар маблағ лозим бошад, медиҳам. Фақат занамро наҷот диҳед.
Духтур дигар чизе нагуфт.
Ашраф писарашро ба хамшира супурду худаш назди дари утоқи ҷарроҳӣ нишаст.
Дар ҳамин вақт телефони ӯ занг зад. Мадина буд.
— Ашраф, ман фақат мехостам аҳволатро пурсам. Чаро овозат ин қадар ғамгин аст?
Ашраф гуфт:
— Мадина, писардор шудам.Аммо модараш дар ҳолати вазнин аст.
-Худо кунад, ҳамсарат сиҳат шавад. Ашраф, ҳоло ба у ба ту ниёз доранд. Наздаш бош. Дигар дар бораи ман фикр накун.
Зангро қатъ кард.
Ашраф телефонро ба даст нигоҳ дошта монд. Бори аввал фаҳмид, ки Мадина бо вуҷуди муҳаббаташ ба ӯ, чӣ қадар инсони боинсоф будааст.Субҳидам духтур берун омад.
— Вазъи беморатон каме беҳтар шудааст. Хушбахтона, аз хатар гузашта истодааст.
Ашраф аз шодӣ гиря кард.
Баъди чанд соат иҷозат доданд, ки ҳамсарашро бинад.
Ӯ оҳиста ба назди кат рафт. Зан чашмонашро кушода пурсид:
— Ашраф писарамон куҷост?
— Ин ҷост, азизам. Писарамон сиҳату саломат аст.ҷост, азизам. Писарамон сиҳату саломат аст.
Зан табассум кард.
— Метавонам ӯро бинам?
Ашраф кӯдакро ба оғӯшаш гузошт.
Зан бо ангуштонаш рӯйи писарашро навозиш кард.
— Чӣ қадар зебост.Номашро ки мемонем?
— Ҳар номе, ки ту мехоҳӣ.
Зан каме фикр карда гуфт:
— Мехоҳам номашро Юсуф монем.
— Хуб, Юсуф бошад.Баъд зан ба Ашраф нигариста пурсид:
— Ашраф, як хоҳиш дорам.
— Бигӯ, ҳар чӣ хоҳӣ, иҷро мекунам.
— Ба ман ваъда деҳ, ки Юсуфро танҳо намемонӣ. Ӯро бо муҳаббат калон кун. Ҳеҷ гоҳ нагузор, ки фарзанди мо худро зиёдатӣ ҳис кунад.
Ашраф дасти ӯро бӯсид.
— Ваъда медиҳам. Аммо ту ҳам бояд ба ман ваъда диҳӣ, ки дигар маро танҳо намегузорӣ.
Зан табассум кард.
— Ман ҳам мехоҳам ҳамеша дар паҳлӯят бошам.Пас аз чанд рӯз онҳоро аз беморхона ҷавоб доданд. Ашраф дигар мисли пеш набуд. Ҳар саҳар худаш барои ҳамсараш наҳорӣ омода мекард, шабҳо кӯдакро нигоҳубин менамуд ва кӯшиш мекард, ки занаш худро хушбахт ҳис кунад.
Аммо як бегоҳ, вақте ҳамсараш кӯдакро хобонда буд, телефони Ашраф паём гирифт.
Паём аз Мадина буд:Ашраф, ман ба қароре омадам. Ҳафтаи оянда бо як ҷавон хонадор мешавам. Мехоҳам ту ҳам хушбахт бошӣ. Дигар маро ҷустуҷӯ накун. Худо нигаҳбонат бошад.
Ашраф чандин маротиба паёмро хонд.
Дар ҳамин лаҳза ҳамсараш аз пушташ пурсид:
— Кӣ навишт, Ашраф?
Ашраф саросема телефонро пинҳон кард.
— Ҳеҷ кас, як шиносам буд.
Зан ба чеҳраи ӯ нигаристу оҳиста гуфт:
— Ашраф, ман дигар духтари хурдсол нестам. Медонам, ки дар дили ту каси дигар ҳаст.
Ашраф ба ӯ нигарист. ашкҳояшро пок карда, суханашро идома дод:
— Фақат як чизро мехоҳам бидонам. Агар ману писарат дар зиндагии ту намебудем, ту бо ҳамон духтар издивоҷ мекардӣ?
Ашраф хомӯш монд.
Ва ин дафъа хомӯшии ӯ аз ҳар ҷавобе дардноктар буд.
Баъзе ашкҳо аз чашм намерезанд, онҳо дар дил мемонанд.
— Медонӣ, Ашраф, ман аз рӯзи аввали тӯямон медонистам, ки дили ту бо ман нест. Ҳамон шабе, ки ба ман гуфтӣ ин издивоҷро намехостӣ, дилам шикаст. Аммо ба худ гуфтам, шояд рӯзе маро дӯст дорад. Шояд бо гузашти вақт ҳама чиз хуб шавад...Ашраф сарашро хам кард.
— Бубахш маро.
— Сабр кун, бигзор гапамро тамом кунам. Ман туро барои он ки маро дӯст надоштӣ, гунаҳкор намекунам. Охир, дилро маҷбур карда намешавад. Аммо чаро маро ин қадар танҳо гузоштӣ? Ман ҳам мехостам як бор аз шавҳарам шунавам, ки хаста нашудӣ, азизам? чӣ мехоҳӣ, бароят биёрам?. Ман ҳам мехостам касе ҳангоми бемориам шаб то саҳар пахлуям бедор нишинад.Вақте дар беморхона будам, аз дард намегиристам, Ашраф. Аз он метарсидам, ки агар бимирам, писарам ҳатто меҳри модарро намечашад.
Ашраф дигар тоқат накард. Вичдонаш азоб доду гуфт;
— Илтимос, маро бубахш. Ман дигар он одами пешина нестам. Ман мехоҳам туро хушбахт кунам.
Зан даст ба мӯйҳои ӯ кашид.
— Кош ин суханҳоро дар рӯзи аввали тӯямон мегуфтӣ.Ӯ намехост шавҳарашро боз ҳам ғамгин кунад.
Як шаб, вақте Ашраф дар хоб буд, зан аз ҷой хест. Ба назди гаҳвораи Юсуф рафт. Кӯдакашро ба оғӯш гирифта, бӯсид.
— Ҷони модар, писарам.Ту ҳанӯз намедонӣ, ки модар чӣ қадар туро дӯст медорад. Кош метавонистам ҳар рӯзи умрамро дар паҳлӯят гузаронам. Кош аввалин қадамҳоятро бинам, аввалин суханатро бишнавам, рӯзе туро ба мактаб гусел кунам.
Ашкҳояш ба рӯйи кӯдак мечакиданд.
— Агар рӯзе аз ман пурсӣ, ки модарам куҷост, ба ту бигӯянд, ки ман туро ҳеҷ гоҳ тарк накардаам, писарам. Ҳатто агар дар паҳлӯят набошам ҳам, тамоми дуоҳои ман бо ту хоҳанд буд.Юсуфро ба ҷояш гузошта, як варақ коғаз гирифт ва чизе навишт.
Баъд онро дар ҷевони либосҳояш пинҳон кард.
Субҳи рӯзи дигар Ашраф аз хоб бедор шуд.
— Азизам, чой тайёр кардӣ?
Ҷавобе нашунид.
Ба ошхона даромад. Зан он ҷо набуд.
Ба ҳуҷраи кӯдак рафт. Юсуф дар гаҳвора гиря мекард, аммо модараш дар паҳлӯяш набуд. ҳуҷраи кӯдак рафт. Юсуф дар гаҳвора гиря мекард, аммо модараш дар паҳлӯяш набуд.
— Азизам?!
Ба ҳуҷраи хоб даромад.
Ҳамсараш дар рӯйи бистар хобида буд. Ашраф наздик шуд.
— Чаро хоб рафтӣ? Юсуф гиря дорад.
Дасташро ба китфи зан гузошт.
— Азизам, бедор шав.
Аммо зан ҷавоб надод.
Ашраф дасташро гирифт. Дастони зан сард буданд.
-Не, илтимос.
Ӯ занро ба оғӯш гирифт.
— Чашмонатро кушо.Ман Ашрафам. Илтимос, чашмонатро кушо...
Аммо дигар ҷавобе набуд.
Юсуф дар гаҳвора гиря мекард.
Модари Ашраф давида омада гуфт,ки вой хонам сухт,ба келин чи шуд ?Зуд мошини ерии таьчилиро чег зан.
Ашраф таьчили мошини ерии таьчилиро занг зад.
Уро ба беморхона фавран бурданд.Аммо саратони чигар кайхо чисми уро хурда хурда ба остонаи марг оварда буд.То тавлиди тифл ин бемори маьлум набуд.
Аммо дар беморхона гуларуси армони бо дили пур аз орзу вафот кард.
Баьди марги хамсараш номаи навиштаи уро пайдо кард. "Ашраф, агар ин номаро мехонӣ, шояд ман дигар дар паҳлӯят набошам.Ман намедонам, ки ту маро ягон вақт дӯст доштӣ ё не. Аммо мехоҳам як чизро бидонӣ: ман туро аз рӯзи аввал дӯст доштам. Ҳатто вақте ки ту ба рӯям нигоҳ намекардӣ, ҳатто вақте ки шабҳо бо ашк хоб мерафтам.
Ман ҳеҷ гоҳ аз ту сарват, тӯҳфа ё зиндагии боҳашамат нахостам. Танҳо мехостам, ки як бор маро аз таҳти дил ба оғӯш гирӣ ва бигӯӣ: Ман туро дорам, натарс.
Агар Юсуф калон шуду аз ту пурсид, ки модараш чӣ гуна буд, бигӯ, ки модараш як зане буд, ки тамоми умр орзу дошт дӯст дошта шавад.Ва илтимос, ба писарам нагӯ, ки модараш ӯро танҳо гузошт. Ба ӯ бигӯ, ки модараш то охирин нафас ӯро дӯст медошт.
Ашраф, ман аз ту ранҷида будам, аммо ҳеҷ гоҳ бадбахтии туро нахостаам.Танҳо як афсӯс дорам. Кош як бор, фақат як бор, пеш аз рафтанам, аз забони ту мешунидам:Занак, ман туро дӯст медорам.
Бо муҳаббате, ки ҳеҷ гоҳ ҷавоб нагирифт,
модари Юсуф"
Он рӯз Ашраф фаҳмид, ки баъзе одамонро на бо хиёнат, балки бо бепарвоӣ аз даст медиҳем.
Ва бадбахттарин инсон касест, ки баъди дафн кардани муҳаббаташ мефаҳмад, ки чӣ ганҷи бебаҳо доштааст.
Мадина хабари марги хамсари Ашрафро фахмида аз аруси даст кашид.
Баьди як соли вафоти у онхо маьрака ороста зану шавхар шуданд ва Юсуф Мадинаро оча мегуяд.
Шикасти бахт бисер мушкил аст.Ба хама Шумо азизон бахти сафед мехохам.
Муаллиф Шахлои Начмиддин