Шири NAN аз фурӯш гирифта мешавад
203

Чанд намуд шир ва ғизои кӯдакона, ки бо тамғаи NAN истиҳсол мешаванд, ба таври фаврӣ аз рафи тамоми мағозаҳо бардошта шуда, фурӯшашон манъ карда шуд, зеро дар таркиби NAN 1 OPTIPRO, NAN 2 OPTIPRO, NAN-и ширинтуруш, NAN Supreme ва ALFARE Amino як моддаи кимиёвиеро пайдо кардаанд, ки ба саломатии кӯдакон хатар дорад.

Худи ширкати Nestle дастур додааст, ки як партияи маҳдуди ғизои кӯдакона, ки бо тамғаи NAN 1 OPTIPRO, NAN 2 OPTIPRO, NAN-и ширинтуруш, NAN Supreme ва ALFARE Amino Nestle, ки аз моҳи апрел то ноябри соли 2025 истеҳсол шудаанд, фавран аз рафи мағозаҳо бозпас гирифта шавад, зеро дар таркибашон моддаи кимиёвии цереулид мавҷуд буда метавонад. Бактерияҳо дар ашёи хом, ки барои истеҳсоли ғизои кӯдакона истифода мешавад, дарёфт шудаанд. Аз ҳамин сабаб ширкати Nestlе тасмим гирифтааст, ки маҳсулоти зикршударо аз рафти мағозаҳо бозпас гирад.

Цереулид токсинаи хатарноки ғизоӣ буда, ҳатто бо ҷӯшонидан нобуд намешавад. Дар сурати дастури омодасозии ғизоро ба таври қатъӣ риоя кардан низ он метавонад ба саломатии кӯдак зарар расонад. Аломатҳои заҳролудшавӣ, аз қабили дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва шикамравии шадид пас аз истеъмоли ин ғизо дар кӯдакон ба зудӣ пайдо шуда, волидонро дар ташвиш гузошта метавонанд.

Агентии Тоҷикстандарт рӯйхатеро нашр намуда, аз шаҳрвандони Тоҷикистон, махсусан волидоне, ки тифлакони ширхора доранд, хоҳиш кардааст, ки аз харидорӣ ва ба кӯдакон додани ширу ғизоҳои кӯдаконаи ширкати Nestle, ки дар рӯйхати мазкур оварда шудаанд, худдорӣ намоянд. Ба шахсоне, ки аллакай ин ширҳоро харидорӣ кардаанд, тавсия дода мешавад, ки онро ба мағозаҳо бозпас гардонанд.

Сарусадоҳо дар бораи зарарнок будани ғизои кӯдаконаи Nestle дар Аврупо ҳанӯз моҳи декабри соли 2025 пайдо шуда, дар чанд кишвар, аз ҷумла Олмон, Австрия, Дания, Финландия, Италия, Фаронса ва Британияи Кабир ғизои кӯдаконаи Nestle аз рафи мағозаҳо бардошта шуд. Баъдан Русия низ фурӯши ин ғизоро манъ кард. Кишварҳои ҳамсояамон Ӯзбекистон, Қазокистон ва Қирғизистон низ истифодаи ин ширҳоро манъ кардаанд.

Ба қавли намояндагони ширкати Nestle, ҳолатҳои тасдиқшудаи беморӣ ё аломатҳои беморӣ пас аз истеъмоли ғизои кӯдаконаи Nestle то ба имрӯз ошкор нашудаанд, вале бо мақсади ҳифзи саломатии кӯдакон ширкат партияи маҳдуди ғизои кӯдаконаи тамғаҳои NAN 1 OPTIPRO, NAN 2 OPTIPRO, NAN-и ширинтуруш, NAN Supreme ва ALFARE Amino Nestle-ро, ки аз моҳи апрел то ноябри соли 2025 истеҳсол шудаанд, аз фурӯш бозпас мегирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД