sebiston july new
Шоҳиён дар бораи оқибатҳои маскункунӣ гуфт
320

Тибқи омори расмӣ дар кишвар 21334 парвандаҳои оилавӣ баррасӣ гардидааст, ки аз он 213 парвандаи зӯроварӣ ва хушунат аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 адад кам мебошад. Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олии кишвар дар нишасти хабарии имрӯз ин нуқтаро иброз намуд.

Гуфта шуд, ки маскункунӣ дар ҷомеаи кунунӣ аз баҳсҳои доманадор маҳсуб ёфта, дар бештари ҳолат маскуншуда зери хушунат ва зӯроварӣ қарор мегиранд, ки дар баъзе ҳолат он ба куштор ё худкушӣ оварда мерасонад.

“Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 1423 парванда дар самти маскункунӣ дар судҳои кишвар баррасӣ гардида, аз он 856 ададашон қонеъ карда шуд. Ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 56 парванда зиёд мебошад”, - гуфт Шоҳиён.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД