goodwell
“Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар Минск соҳиби Шоҳҷоиза гашт
27.07.2026
Оила
50

Дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Озмуни XХIII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гашта, «Шоҳнома» сазовори Шоҳҷоиза гаштааст.

Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг, китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, ки бо ибтикори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 чоп шуда, ба ҳар хонадони тоҷик ҳадя гашта буд, дар номинатсияи «Санъати ороиш»-и озмун ғолиб дониста шудааст.

Дар номинатсияи «Муколамаи фарҳангҳо» китоби Раҳмоналӣ Мирализода «Дар ҳавои Мавлоно», дар «Илм ва маориф» китоби «Физикаи олам, фалсафаи ҳастӣ»-и Фарҳод Раҳимӣ ва дар «Китоби кӯдакон ва наврасон» маҷмуаи китобҳои бачагонаи «Сандуқи афсонаҳо» ҷойи дуюмро ишғол намудаанд.

Китоби Давлат Сафар «Достони Душанбе» дар номинатсияи «Кишвари ман», «Мулки меҳру мулки шеъру мулки сеҳр»-и Низом Қосим дар номинатсияи «Иттиҳод» ва «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ дар номинатсияи «Дар иттиҳод чоп шудааст» сазовори ҷои сеюм гашта, китоби «Раҳбари дилҳо»-и Суруши Ойина бо дипломи махсуси озмун қадрдонӣ карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД