Arzon march 2024
Шӯрбо бо гӯшти мурғ
3718

 

Маҳсулоти лозима:

  • Равғани офтобпарасти “Слобода” – 2 қошуқ
  • Картошка – 3 дона
  • Шир – 50 мл
  • Об – 50 мл
  • Пиёз – 1 дона
  • Сабзӣ – 1 дона
  • Гӯшти мурғ – 450 грам
  • Сирпиёз – 2 дона
  • Намак
  • Мурч

Тарзи таҳия:

Дар аввал картошкаро дар об меҷӯшонед ва обашро рехта, ба он шир илова карда пюре омода мекунед.

Деги хӯрокпазиро дар оташи паст гузошта, ба он равғани офтобпарасти “Слобода” меандозед. Пиёзро реза карда ба дег андозед ва намак, мурч, сирпиёз илова карда, таф диҳед ва 2 дақиқа дар оташи паст гузоред то ки хуб бирён шаванд.

Баъдан, гӯшти мурғро ба дег андозед таф диҳед ва об илова карда, 10 дақиқа дар оташи миёна ҷӯшонед. Пас аз он, пюре, шир илова кунед ва сабзиро реза карда ба дег андозед ва 25 – 30 дақиқа дар оташи пас ҷӯшонед то ки ҳамаи маҳсулотҳо хуб пазанд ва шира бароранд.

Шӯрбо бояд дар оташи паст пазад то таъми хубу хушмазза пайдо кунад. Пас аз омода гардидан, шӯрбои мурғиро ба зарфҳои хӯрокхӯрӣ бардоред ва мувофиқи таъби худ метавонед бо кабудӣ оро диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД