Шукӯҳи Истиқлол дар Истаравшан
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Дар чорабинии тантанавӣ муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солизода Муҳаммад, раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ, фаъолон, собиқадорони меҳнат, намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аҳли илму фарҳанг, ҷавонон ва сокинони шаҳр иштирок намуданд.
Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Нахуст раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ суханронӣ намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони шаҳрро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфт.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии халқи тоҷик ба шумор рафта, дар таҳкими давлатдории миллӣ, худшиносии мардум, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагии мардум нақши муҳим дорад.
Гуфта шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати созанда ва дурбинонаи роҳбарияти давлат Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Пешрафти соҳаҳои иқтисод, иҷтимоиёт, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷомеа аз самараҳои даврони истиқлол арзёбӣ гардид.
Зикр гардид, ки шаҳри бостонии Истаравшан дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо маром рушд карда, ба яке аз шаҳрҳои ободу зебои кишвар табдил ёфтааст. Дар шаҳр бо мақсади ободонии муҳити зист, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, муассисаҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии сокинон тадбирҳои созанда амалӣ мегарданд. Ин раванд дар заминаи татбиқи ҳадафҳои созанда ва ободкоронаи давлат пайваста идома дорад.
Яке аз бахшҳои муҳими чорабинии идона қадрдонии фаъолони ҷомеа ва кормандони соҳаҳои гуногун буд. Дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор кормандони соҳаҳои гуногун медали "Хизмати шоиста" ва медали ҷашнӣ супорида шуд. Ҳамзамон, шахсони фаъол ва кормандони соҳаҳои гуногун барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар рушди соҳа ва хизматҳои шоиста бо сипоснома ва ифтихорномаҳои Суди конститутсионӣ ва МИҲД-и шаҳру вилоят сарфароз гардонида шуданд.
Сипас, барномаи рангини фарҳангии бахши фарҳанги шаҳр пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ гардид. Сарояндаи маҳбубу хушовоз Афзалшо Шодиев бо суруду таронаҳои ватандӯстонаву рақсӣ фазои идонаро боз ҳам пуршукӯҳ гардонид.
Бояд гуфт, ки тантанаи истиқлол дар 10 ҷамоати деҳот, 22 маҳалла ва дигар муассисаҳои давлативу хусусии шаҳри Истаравшан идома дорад.
Абдуғаффор Шодиев