sebiston july new
Шумо ба ҳамсаратон хиёнат мекунед?
3115

Ҳар як инсон мехоҳад ёри вафодоре ёбад, ки то нафасҳои охирин ҳамдаму ҳамрозаш бимонад, вале баъзан чунин мешавад, ки баъди чанд соли ишқу ошиқӣ ва ҳатто хонадорӣ мард ба зан ё зан ба мард хиёнат мекунад.

Сарфи назар аз сабабҳои бевафоӣ бахшидани хиёнат бисёр душвор ва ҳатто номумкин аст. Гоҳо чунин мешавад, ки ҳатто одамони оқил ва вафодор чӣ тавр ба кӯйи бевафоию хиёнат қадам монданашонро нафаҳмида мемонанд. Мушкили бевафоӣ ягон рӯз ба сари шумо ҳам омада метавонад ё ҳаргиз ба хиёнат роҳ намедиҳед? Пеш аз «ман ҳаргиз хиёнат намекунам» гуфта, даст ба кундаи сина задан ба саволҳои ин санҷишнома ҷавоб диҳед, он гоҳ то куҷо булҳавас ё содиқ буданатонро мефаҳмед.

1. Шумо танқидро хеле вазнин қабул мекунед?

а) Бале; б) Не.

2. Яке аз ҳайвоноти дӯстдоштаи шумо гурба аст?
а) Бале; б) Не.

3. Ба шумо ранги бунафш (нофармон) писанд аст?
а) Бале; б) Не.

4. Шуморо аксаран эҳсоси яъсу ноумедӣ фаро мегирад?
а) Бале; б) Не.

5. Ба ягон кас сахт дил баста метавонед?
а) Бале; б) Не.

6. Агар ошиқ шавед, бо тамоми ҳастӣ дӯст медоред?
а) Бале; б) Не.

7. Атрофиён шуморо кинагиру қасдгир мешуморанд?
а) Бале; б) Не.

8. Шуморо асабӣ кардан осон аст?
а) Бале; б) Не.

9. Ба ақидаи шумо издивоҷ ҷаҳонбинии инсонро танг месозад?
а) Бале; б) Не.

10. Ба фикри худатон хеле кам ба ғалату камбудӣ роҳ медиҳед?
а) Бале; б) Не.

Холҳоро ҷамъ карда бо натиҷа шинос шавед.
Барои ҳар як посухи «а» ба худ 2 хол ва барои посухи «б» – 0 хол гузоред. Холҳоро ҷамъ карда бо натиҷаи санҷишнома шинос шавед.

Аз 14 то 20 хол
Табъи шумо зуд-зуд тағйир меёбад, чунки ҳолати руҳиатон бисёр ноором аст. Бо чунин асабҳои ноором хиёнат кардан ду карат ду аст. Нисбати наздикони худ ғамхорӣ зоҳир намоед ва пеш аз оне, ки кореро мекунед, сад бор оқибати онро андеша намоед. Танҳо дар ҳамин ҳолат шумо худро аз хиёнату бевафоӣ эмин нигоҳ дошта, аз мушкилоти зиёд дар амон мемонед.

Аз 8 то12 хол
Эҳтимоли ба хиёнат роҳ доданатон вуҷуд дорад, барои ҳамин эҳтиёт намоед. Хиёнат кардани шумо аз вазъият вобастагӣ дорад. Кӯшиш кунед, ки бо одамони номаҳрам ва дилкаш танҳо намонед.

Аз 0 то 6 хол
Ба саволҳо аз сидқи дил ҷавоб дода бошед, бо дилпурӣ гуфтан мумкин аст, ки шумо ҳеҷ гоҳ хиёнат намекунед. Ошиқ шавед ҳам, танҳо дар ҳолати муҷаррад буданатон дил мебандед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
М Р 2019-07-22, 17:51
Маълумоти хуб
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
М Р 2019-07-22, 17:51
Маълумоти хуб
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД