Arzon march 2024
Шумораи занони роҳбар дар Тоҷикистон зиёд мешавад
338


Шумораи занони роҳбар дар ҷумҳурӣ торафт меафзояд. Имрӯз дар Тоҷикистон аз 5883 нафар кадрҳои роҳбарикунанда 1132 нафарашон занону духтарон мебошанд.

Тавре ки Ҷумъа Давлатов, Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон дирӯз зимни нишасти хабарӣ гуфт, шумораи занону духтарон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ 4569 нафарро ташкил медиҳад, ки ба 25, 1 % баробар мебошад. Теъдоди умумии занон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66 нафар зиёдтар шудааст.

Қайд карда шуд, ки имрӯз дар 32 мақомоти марказӣ, 23 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, 13 мақомотҳои ҳокимияти давлатии ноҳияҳои тобеъи марказ, 9 мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, 4 мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, 2 мақомоти ҳокимияти давлатии Бадахшон ва дар маҷмӯъ дар 83 мақомоти давлатӣ дастури президенти кишвар дар бораи то 30% расонидани шумораи занону духтарон таъмин карда шудааст.

Ёдрас мешавем, ки дирӯз Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амру фармонҳои худ боз чанд нафар занону духтарони кордонро ба вазифаҳои баланд ва масъулиятноки давлатӣ таъин намуд.

Аз ҷумла Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода раиси шаҳри Норак, Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Муминзода Мастура Табарӣ раиси шаҳри Левакант таъин шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД