Синамогарони тоҷик ав эронӣ тасмим гирифтаанд, ки як филми нави муштаракро ба навор бигиранд. Ин масъала зимни мулоқоти директори МД “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён бо синамогарони Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Филми наве, ки “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо ширкати синамоии “Itoksima”-и Эрон ба навор гирифтанист, “Калом дар роҳ” ном дорад. Филмноманависи “Itoksima” Муҳаммадризо Гавҳарӣ наворбардории филми муштаракро оғози як саҳифаи нав ва самаровар дар равобити фарҳангӣ ва синамоии Эрон ва Тоҷикистон номидааст.
Ҷонибҳо ҳамзамон дар масъалаи таҳияи филмҳои ҳунарӣ ва таърихии муштарак дар бораи чеҳраҳои намоёни адабиёт ва фарҳанги Шарқ, аз қабили Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хисрав ва дигарон ибрози назар намудаанд.