Arzon march 2024
Сироҷиддини Муҳриддин ва Сергей Лавров масъалаи муҳоҷиронро баррасӣ намуданд
332


Иддае аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия тайи чанд ҳафтаи охир як навъ амалиёти ғайри расмии “шикор”-и муҳоҷирони тоҷикро ронандозӣ намуда, бо ҳар баҳона гурӯҳ-гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар ҷойи корашон ва кӯчаю бозорҳо боздошт намуда, мавриди таҳқир ва озори равонию ҷисмонӣ қарор медоданд.

Аз ҷумла рӯзи 19-уми май зиёда аз 100 нафар донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи Комсомольскии Амур аз ҷониби кормандони пулиси Хабаровск бераҳмона лату кӯб карда шуданд. Тоҷикон дар дигар шаҳрҳои Русия низ мавриди зӯроварию таҳқир қарор гирифта, наворҳои озор ва лату кӯби муҳоҷирони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гаштанд ва вокунишҳои зиёдеро ба бор оварданд.

Мақомоти Тоҷикистон нисбати чунин бархӯрд ба тоҷикон дар Россия вокуниш нишон доданд. Аз ҷумла Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии ҷумҳурӣ ба ҳамтоёни русашон номаҳои расмӣ навишта, талаби таҳқиқи қонунӣ ва воқеъбинонаи ин ҳодисаҳо ва ба ҷавобгарӣ кашидани афродеро, ки мардуми тоҷикро бе сабаб мавриди лату кӯб ва озору шиканҷа қарор додаанд, намуданд.

Ин масъала ҳамчунин имрӯз дар қатори дигар масъалаҳои муҳими муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия зимни мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода, навиштааст:

“Роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Ҷониби Тоҷикистон таъкид намуд, ки зимни баргузории чорабиниҳои нақшавӣ ва ғайринақшавии мақомоти давлатии Русия ҷиҳати ба танзим даровардани равандҳои муҳоҷират, ҳуқуқу озодиҳои заминавии шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Русия бояд риоя гарданд....”

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД