Commerc banl
Ситораи филми «Эйфория» аз олам гузашт
58

Ситораи Голливуд Эрик Дэйн, ки бо нақшҳои ҷаззобаш дар филмҳои “Анатомия страссти” ва «Эйфория» дар сар то сари олам машҳур гашта буд, дар синни 53-солагӣ аз олам даргузашт. Аз марги ин ҳунарманди шуҳратёри амрикоӣ The Guardian бо такя ба изҳороти хонаводааш хабар додааст.

Дэйн бемор буд ва як сол пеш табибон ба ҳунарманд ташхиси склерози амиотрофии паҳлу (ALS) гузоштанд. Ин бемории табобатнашаванда, ки беш аз ҳама ба системаи асаб осеб мерасонад, дар бадали як сол ҳоли ситораи ҷаҳониро табоҳ гардонида, билохира бо марги ҳунарманд анҷом ёфт.

Аҳли хонаводаи актёр дар изҳороти худ гуфтаанд, ки рӯзҳои охири ҳаёташро Дэйн дар ҳалқаи дӯстону наздикон, зан ва ду духтараш гузаронд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД