Formula july 2024
Сӯхтори хона дар хоб чӣ таъбир дорад?
07.06.2024
ОИЛА.ТҶ
1690

Шаби гузашта хоби даҳшатноке дидам. Дар хобам якбора раъду барқ сар шуда, чароғак ба боми манзили мо зад ва хонаамон дар як мижа задан оташ гирифт. Хеле дар ташвиш ҳастам, илтимос таъбири хоби маро бигӯед.

ГУЛАНДОМ, аз шаҳри Ҳисор

Посух:

- Сар задани сӯхтор ҳодисаи бисёр нохуш ва даҳшатангез аст, аз ҳамин сабаб аксарият сӯхтор хоб бинанд, сахт ба ташвиш меафтанд, ки мабодо ба сарашон ягон фалокат ё бадбахтӣ наояд. Аммо дар асл сӯхтор дар хоб чандон фоли бад нест.

Таъбири хоб ба он вобастагӣ дорад,ки кас оташ гирифтани манзили худро хоб мебинад ё хонаи бегонаро. Хоб бинед, ки хонаи хеле зебои бегона оташ гирифтааст, оташи рашку ҳасад ба дилатон афтода, шумо дарун ба дарун хурдатонро мехӯред. Эҳтимол муваффақияти ягон ҳамкоратон алами шуморо меорад ё соҳиби мансабу вазифа ва пулу моли зиёд гаштани шиносатон, ки чандон саводи казоӣ надошт, ба шумо сахт мерасад. Зан ё духтари муҷаррад чунин хоб бинад, ягон дугонааш шавҳари бой карда, рашки ӯро меорад.

Аммо хоб бинед, ки ягон хоначаи назарногир оташ гирифтааст, бо зиндагии камбағалонаатон хайрбод гуфта, туфайли заҳматҳои худ соҳиби пулу моли бисёр ва обрӯю мақом мегардед.

Хомӯш кардани оташ дар хоб рамзи сар задани баҳсу мунозира аст. Эҳтимол шахси хобдида бо панду насиҳат оташи ҷангу ҷидолро байни зану шавҳар ё дӯстонаш хомӯш месозад.

Кас хоб бинад, ки манзили худаш оташ гирифтааст, ба зудӣ соҳиби пули калон мегардад, вале маблағи ба даст меомадаро бояд байни аҳли оила тақсим намояд.

Духтар ё ҷавони муҷаррад хоб бинад, ки хонааш оташ гирифтааст, ошиқ мешавад.

Хоб бинед, ки хонаи падару модартон оташ гирифтаасту онҳо зарар мебинанд, дар асл волидони шумо умри дарози бобаракат мебинанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД