Тантанаҳои ҷашни Истиқлол дар саросари кишвар идома дошта, дар ин рӯзҳои фархунда таваҷҷуҳ ба хизматҳои шоистаи собиқадорони меҳнат ва аҳли заҳмат бештар мегардад.
Дар шаҳри Истаравшан ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ бо як гурӯҳ собиқадорон мулоқот баргузор гардид. Дар он роҳбарияти шаҳри Истаравшан, намояндагони мақомоти давлатӣ ва собиқадорони соҳаҳои гуногуни меҳнат иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ собиқадоронро ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз дошт, ки хизматҳои насли калонсол ҳамеша шоистаи эҳтиром ва қадршиносӣ мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, роҳи тайкардаи шахсони соҳибтаҷриба ва рӯзгордида барои ҷавонон намунаи ибрат буда, сабақҳои зиндагии онҳо метавонанд дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва меҳнатдӯстии насли нав нақши муассир гузоранд.
Дар идомаи мулоқот муовини раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода паёми табрикии раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба ҳозирин расонид. Таъкид шуд, ки дастгирӣ ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии собиқадорон аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, хизматҳои шоистаи аҳли заҳмат ҳамеша қадр карда мешаванд.
Собиқадорон зимни суҳбат аз фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва зиндагии осоиштаи мардуми кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, дар ҳаққи Пешвои муаззами миллат ва рушди босуботи кишвар дуои нек карданд.
Дар фарҷоми мулоқот ба як қатор собиқадорони соҳаҳои гуногуни меҳнат аз номи роҳбарияти вилояти Суғд кумаки яквақтаи молиявӣ ҳамчун туҳфа тақдим гардид.
Чунин иқдом дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ нишони эҳтиром ба хизматҳои насли калонсол буда, барои рӯҳбаландӣ ва дастгирии собиқадорон аҳамиияти хос дорад.
Истиқлол барои мардуми Тоҷикистон танҳо як санаи таърихӣ набуда, балки арзиши бузурги миллӣ ва заминаи зиндагии осоиштаву созанда мебошад, ки дар партави он насли имрӯз бо меҳнати содиқона барои ободии Ватан талош меварзанд.
Абдуғаффор ШОДИЕВ