formula
Соффи ҳоҷибибӣ шуд
386

Ҳамагон дар дил орзу мекунанд, ки боре ба зиёрати ҳаҷ раванд. Рухшона Каримова, блогери тоҷик, ки бештар бо тахаллуси Соффи 1111 машҳур гаштааст, ба орзуи бузургтарини худ расида, ба зиёрати Хонаи Худо рафт. Дар ин бора худи Соффи бо пахши як навор дар саҳифаи Инстаграм хабар додааст...

Дар навор дида мешавад, ки Соффи дар сомолёт парвоз дорад, баъдан блогер дар назди “Хонаи Худо” пайдо мешавад. Дар зери навор чунин навишта шудааст:
” Ҳарчи дилат хост, на он мешавад ,
Ҳарчи Худо хост, ҳамон мешавад. Ҳиссиёте, ки дар ман ҳаст, онро ба гуфтан намешавад. Аллоҳ ҳамаи шумо-бандагонашро Лаббайка карда, ба дидори худаш насиб гардонад!”

Яке аз наздикони блогер зимни сӯҳбат бо хабарнигори сомонаи Оила. тч гуфт: “Рухшона ҳамроҳи яке аз бародаронаш ба зиёрати Хонаи Худо рафтааст.”
Ёдовар мешавем, ки Соффи 21-уми апрел ба Федератсияи Русия ба назди модараш рафта буд ва баъдан аз он ҷо ба Ҳаҷ рафт.
Рухшона Каримова оиладор ва соҳиби ду писар: Муҳаммадалӣ ва Умайр аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД