Сокини 40-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Исмоилов Ғиёсиддин, ки қаблан барои содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ ва авбошӣ суд шудааст, ин навбат дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ гумонбар дониста мешавад.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, номбурда санаи 28-уми январи соли ҷорӣ дар кӯчаи С. Айнӣ бо тариқи ошкоро ва бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ аз ҷайби як сокини пойтахт маблағҳои пулиашро рабуда, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст.
Дар натиҷаи корбарии саривақтӣ, гумонбаршаванда аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур фавран дастгир карда шудааст.
Айни замон Исмоилов Ғ. дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, оид ба ҷинояти содирнамудаи номбурда тафтишоти пешакӣ идома дорад.