sebiston july new
Сокинон соҳиби хонаҳои истиқоматии нав мешаванд
210

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар иттилоъ додааст, ки хонаҳои аз заминларзаи моҳи март зарардидаи сокинон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ то 1-уми августи соли равон пурра барқарор карда мешавад.

Ба иттилои ин ниҳод, дар ноҳия ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулода баргузор гардида, зимни он раванди корҳои барқарорсозии хонаҳои зарардида баррасӣ гардид. Зикр шудааст, ки айни замон корҳои барқарорсозии пайомадҳои заминларза идома дорад.

“Маводи ғизоӣ, маводи сохтмон ва ҷуброни пулии ҷудошуда аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба аҳолии зарардида расонда шуд”, - навиштааст манбаъ.

Хайрулло Бобозода, раиси ноҳия ба роҳбарони дахлдор супориш додааст, ки суръати корҳои сохтмон ва таъмири биноҳои зарардида дар заминларза афзуда, то 1 августи соли 2023 ҳамаи ин корҳо пурра ба анҷом расонида шаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи заминларзаи 23-уми марти соли равон дар ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 219 хонаи истиқоматии сокинон зарар дида, аз ин 4 хона пурра ва 53 хона қисман хароб шуда буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД