formula
СОЛШУМОРИИ МУСАЛМОНӢ (ҲИҶРӢ) ЧӢ ГУНА ОҒОЗ ШУД?
4585

 

Мавлоно Муҳаммадюнуси Полинпурӣ дар китоби «Таълим ва тарбияи исломӣ» навиштааст, ки пеш аз ислом таърих танҳо бо солу моҳи исавӣ (мелодӣ) навишта мешуд. Дар байни мусулмонон навиштани таърихи рӯзу моҳу сол ривоҷ надошт. Соли 17 ҳиҷрӣ дар замони хилофати Умар (р) Абумӯсои Ашъарӣ (р) ба ҳазрати Умар (р) чунин хат навишт: «Аз тарафи шумо ба минтақаҳои мухталифи ҳукумат мактуб фиристода мешавад. Аммо дар он таърихи рӯзу моҳ нест. Ҳол он ки дар навиштани таърихи рӯз фоида бисёр аст.

Масалан як ҳукм чӣ вақт навишта шудааст ва чӣ вақт ҷорӣ шудааст? Ҳоло кадом замон расидааст? Чӣ вақт ба он ҳукм амал кардан оғоз мешавад? Донистани тамоми инҳо лозим аст…»

Ҳазрати Умар (р) донистани ин ҳукмро зарурӣ шумурда, маҷлиси бузурги саҳобагонро даъват намуд. Дар ин маҷлис чор фикри гуногун пешниҳод шуд:

1.Гурӯҳе аз саҳобагон чунин фикр доштанд, ки солшумории мусулмонӣ аз таваллуди Расули Худо (с) оғоз шавад.

2.Гурӯҳи дигар чунин ақида доштанд, ки солшуморӣ аз бисъат (эълони пайғамбарӣ)-и ҳазрати Муҳаммад (с) оғоз гардад.

3.Фикри гурӯҳи сеюм ин буд, ки таърихи ислом аз ҳиҷрати Паёмбар (с) оғоз шавад.

4.Ҷамоати чорум ақида доштанд, ки солшуморӣ аз вафоти Расули Худо (с) оғоз ёбад.

Дар бораи тамоми ин пешниҳодот машварат сурат гирифт. Умар (р) чунин файсала кард:-Дар оғоз кардани таърихи ислом аз таваллуд ва биъсати Расули Худо (с) ихтилоф ба миён меояд. Зеро ҳар ду ба таври қатъӣ маълум нест. Рӯзи вафоти Расули Акрам (с) низ муносибат нахоҳад омад. Зеро рӯзи вафоти ишон рӯзи мусибату ғам барои мусулмонон буд. Пас беҳтар аст, ки солшумории мусулмонӣ аз замони ҳиҷрати Расули Худо (с) оғоз гардад. Зеро дар он чор хусусият аст:

1.Ҳиҷрат дар байни ҳаққу ботил фарқи ошкор пайдо кард.

2.Дар ҳамин сол ислом иззату қувват ёфт.

3.Дар ҳамин сол мусулмонон ва Набӣ (с) бе хавфу хатар дар амну амон дар Мадина зиндагиро оғоз карданд.

4.Дар ҳамин сол бунёди масҷиди набавӣ гузошта шуд.

Вақте ҳазрати Умар (р) ин хусусиятҳоро пешниҳод карданд, саҳобагон якдилона ба қароре омаданд, ки солуморӣ аз замони ҳиҷрати Расули Худо (с) оғоз шавад.

Сипас дар ин маҷлис масъалаи дигаре пеш омад, ки аз 12 моҳи сол кадом моҳро сароғози сол қарор диҳанд. Дар ин маврид низ чор раъйи мухталиф пешниҳод шуд:

1.Як гурӯҳ ақида доштанд, ки оғози сол аз моҳи Раҷаб гирифта шавад. Зеро аз Раҷаб то Зулҳиҷҷа 6 моҳ асту аз Муҳаррам то Раҷаб 6 моҳи дигар.

2. Гурӯҳи дуюм пешниҳод карданд, ки сол аз Рамазон шуруъ шавад, зеро беҳтарин моҳ аст ва дар он «Қуръон» нозил шудааст.

3.Фикри гурӯҳи сеюм ин буд, ки сол аз Муҳаррам шуруъ шавад, зеро дар ин моҳ мардум аз ҳаҷ баромегарданд.

4.Гурӯҳи чорум мегуфтанд, ки аз Рабеъул аввал шуруъ шавад. Чунки Расули Акрам (с) дар ин моҳ ҳиҷрат намудаанд. Дар оғози моҳ аз Макка сафар намуда, рӯзи ҳаштуми Рабеъул аввал ба Мадинаи Мунаввара расиданд.

Ҳазрати Умар (р) тамоми ин ақидаҳоро бо эҳтиром шунида ба хулосае омаданд, ки сари сол аз Муҳаррам шавад. Зеро ин моҳ ду хосият дорад. Якум, бародарони ансорӣ (аҳли Мадина) дар моҳи Зулҳиҷҷа Расули Худо (с)-ро дар байъати Ақаб ба Мадинаи Мунаварра даъват карданд. Расули Акрам (с) дар моҳи Муҳаррам саҳобагонро амр карданд, ки ба сӯи Мадинаи Мунаввара ҳиҷрат намояд. Ҳамин тавр ҳиҷрат дар моҳи Муҳаррам такмил шуд.

Дуюм, ин ки ҳаҷ як ибодати таърихӣ дар ислом аст, ки ҳар сол як бор сурат мегирад ва ҳоҷиён пас аз фароғат аз ҳаҷ дар моҳи Муҳаррам ба хонаҳои худ мерасанд. Бар асоси ин бартариҳо муносиб аст, ки оғози сол аз моҳи Муҳаррам ҳисобида шавад.

Тамоми саҳобагон ин пешниҳодро қабул карданд ва бо ҳамин ибтидои сол аз моҳи Муҳаррам таъйин шуд, ки то ҳол ҷорӣ аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД