sebiston july new
Сомонае, ки ҳамрози мардум аст
331

Имрӯз, 18-уми май сомонаи Oila.tj 5-сола шуд!

Дар назди таърих 5 сол муддати бениҳоят кӯтоҳ аст, вале хушбахтона дар ин давраи начандон тӯлонӣ Oila.tj тавонист маҳбуби мардум гашта, дар дили хурду калон маъво бигирад. Имрӯз Oila.tj-ро дар паҳнои интернет зиёда аз як миллион нафар пайваста пайгирӣ менамоянд.

Воситаҳои ахбори омма гуногун мешаванд: сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, адабӣ..., вале Oila.tj сомонаи мардумӣ аст, чунки бештар аз рӯзгори мардуми оддӣ менависад. Мушкилоти мардум, розу ниёзҳои онҳоро ба қалам медиҳад, ба пардаи навори видеоӣ мегирад, то ба касоне, ки дар зиндагӣ такягоҳ ва пушту паноҳе надоранд, кумак расонад.

Ёдам ҳаст, вақте мо ин сомонаро ифтитоҳ намудем, касе ба муваффақ гаштани он бовар надошт. Аксари журналистон, ҳатто онҳое, ки аз даврони донишҷӯӣ бо ҳам дӯсту қарин будем, ошкоро мегуфтанд, ки дар фазои интернет мавқеъ пайдо намудан кори саҳлу осон нест ва моро дар бадали як моҳ ба қавле “маҷақ” карда, аз майдон берун месозанд, вале хилофи интизориҳои эшон Oila.tj дар муддати хеле кӯтоҳ машҳур гашта, ба даргоҳи умеди садҳо нафар корафтодагон табдил ёфт, зеро ин сомона аз рӯзгори мардуми оддӣ менавишт, мушкилоти онҳоро пайгирӣ ва инъикис менамуд.

Албатта маводҳои сомона, баромадҳои он на ба ҳама маъқул буданд. “Дар Панҷакент хушдоман келинро бо зоғнӯл зада кушт”. Вақте ин мавод дар Oila.tj нашр гашт, ба сари кормандони сомона он қадар фишор оварданд, ки ногуфтанӣ, вале аҳли қалами нашрия заррае наҳаросида, бо дастгирии Директори генералии ҶДММ “Оила”, журналисти ҷасур ва ҳақпараст Шарифи Ҳамдампур аз паси таҳқиқи ин ҳодиса шуданд ва ду барномаи калони видеоӣ таҳия намуда, бо далелҳои раднашавнада исбот карданд, ки Наргиси ноком худкушӣ накардааст. Барномаи аввалро дар як шабонарӯз беш аз 500 000 нафар тамошо карданд. Дертар хушдомани арӯсаки ҷавонмаргро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданд.

Ҳамин тавр, борҳо ба хотири нашри дарду доғи мардуми оддӣ Oila.tj зери фишор қарор гирифтаву кормандонаш моҳҳои дароз дар ба дари мақомоти судӣ гаштанд, вале аз роҳи пешгирифтаашон ҳаргиз қафо нагаштанд, зеро талош баҳри дарёфти ҳақиқат шиори ин сомона ва аҳли эҷоди он аст.

Сомона дар баробари маводҳои матнӣ барномаҳои видеоӣ низ таҳия менамуд ва ютуб-канали Oila.tj низ дар муддати кӯтоҳ машҳур гашта, ҳар як барномаи онро аз 300 000 то 1000000 нафар одамон тамошо мекардагӣ шуданд.

Бархе шӯхиомез мегӯянд: Oila.tj сомонаи камбағалон аст. Мо аз ин шарм не, ифтихор мекунем, зеро маҳз бо кумаки Oila.tj тавассути барномаи “Умеди охирин”-и сомона зиёда аз 50 нафар одамони нодор, маъюб, бемор ва ятиму барҷомонда соҳиби манзил гаштанд ва то ба имрӯз дар ҳақи кормандони сомона дуои нек мекунанд.

Доираи фаъолияти Oila.tj сол то сол васеътар гашта, имрӯз саҳифаҳои онро дар “Фейсбук”, “Инстаграм”, “Телеграм” ва “ТикТок” садҳо ҳазор одамон пайгирӣ менамоянд, зеро ин сомона мавзуҳои доғи рӯзро инъикос менамояд.

Як самти фаъолияти сомона инъикоси масоили хонаводагӣ, аз қабили пешгирии зӯроварӣ дар оила, никоҳу талоқ, алимент, ҷалби занону духтарон ба таҳсил ва омӯзиши касбу ҳунар, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон ва ба ҳамин монанд мавзуҳо бошад, самти дигараш ин муҳоҷирати меҳнатӣ ва мушкилоти муҳоҷирони тоҷик мебошад. Шояд Oila.tj дар саросари Тоҷикистон ягона сомонае бошад, ки бидуни дастгирии ягон мақомот, танҳо ба хотири кумаки беғаразона ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик қариб ҳар рӯз дар мавзӯи муҳоҷират маводҳои омӯзанда нашр мекунад. Сомона муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро аз тамоми навигариҳое, ки дар самти муҳоҷират ба миён меоянд, огоҳ месозад. Бовар намекунед?! Пас ба Oila. tj ворид шавед, он ҷо аз маслиҳатҳоти муфид ба муҳоҷирон сар карда, то тозатарин қонунҳои муҳоҷиратии Федератсияи Россия ва оид ба роҳҳои осони муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлатҳои Аврупо тамоми маълумоти заруриро пайдо хоҳед кард.

Дар баробари инъиксои мавзуҳои доғи рӯз, Oila.tj ба истироҳату фароғати муштариёнаш низ диққати ҷиддӣ дода, ҳамзамон дар мавзӯи санъат ва фарҳангу ҳунар маводҳои ҷолиб ва барномаҳои тамошобоб таҳия менамояд. Oila.tj минбари ҳақиқии ситораҳост!

Милоди ин сомонаи мардумиро ба кулли муштариёни Oila.tj муборакбод гуфта, бори дигар таъкид мекунем, ки ин сомона барои шумо ва дар хизмати шумост!

Агар мушкиле доред, агар мехоҳед рози дилатонро ифшо намоед, агар мехоҳед дар бораи чеҳраҳои машҳур ва ҳунармандони дӯстдоштаатон маълумот бигиред, агар дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ниёз ба роҳнамоӣ доред, ҳатман ба мо муроҷиат намоед!

Дари Oila.tj ба рӯйи шумо ҳамеша боз аст!

Ф. САТТОРӢ, сармуҳаррири сомонаи Oila.tj

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД