arzon replenishment
Соро Саидкамолиддинова: Аз ғазаби Худо метарсам
19.05.2024
ОИЛА.ТҶ
1917

Дар соҳаҳои гуногун зуд-зуд чеҳраҳои нав пайдо мешаванд, аммо наметавон гуфт, ки ҳамаи онҳо муваффақ мегарданд. Аз миёни онҳо нафароне комёб мегарданд, ки муҳимияту махсусияти касби худро дуруст дарк карда, дар баробари каме маъруфият пайдо кардан ҳам, аз омӯхтан даст намекашанд, малакаҳояшонро тақвият медиҳанд ва барои ба ҳадафҳояшон расидан худфидоӣ мекунанд. Яке аз чунин шахсон, ки акнун ба синамо ворид мешавад, Соро Саидкамолиддинова мебошад. Ин ҳунарманди ҷавонро ҳамватанони мо аз филми машҳури “Охирин сайди сайёҳ” мешиносанд, ки дар он нақши асосиро бозида буд.

Мо бо Соро доир ба интихоби роҳи эҷоду ҳунар, филми “Охирин сайди сайёҳ”, аҳамияти омӯзишу таҷрибагирӣ дар синамо ва ғайраҳо суҳбат кардем, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.

- Шумо дар пештоқи саҳифаи Инстаграматон худро ҳамчун коргардон, ҳунарпеша ва ровӣ муаррифӣ намудаед. Бигӯед, ки аслан ихтисосатон чист ва куҷоро хатм кардаед?

- Айни ҳол донишҷӯи ихтисоси режиссураи намоишҳои театронидашуда ва идҳоро дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикикистон ба номи Мирзо Турсунзода меомӯзам. Ҳамунин, ба корҳои эҷодӣ машғул шуда, чун коргардон таҷриба омӯхта истодаам.

- Чаро роҳи эҷод - ҳунарпешагиву коргардониро интихоб кардед?

- Агар ба зиндагии касоне, ки роҳи эҷоду ҳунарро пеш гирифтаанд нигарем, маълумамон мегардад, ки дилбастагии аксар ба соҳаи мазкур аз овони наврасӣ пайдо шудааст ва онҳо пешорӯи худ як интихоб доштаанд. Ман ҳоло даъвои ҳунармандӣ надорам, аммо ин соҳа хеле барвақт дар дилам ҷой гирифт ва кӯшишу талоши имрӯзаам барои ба нақшаву мақсадҳоям расидан аст. Барои интихоби ихтисос варианти зиёд надоштам, зеро аз даврони мактабӣ дар чорабиниҳо иштироки фаъол доштам ва дарк намуда будам, ки барои ҳунар офарида шудаам.

- Ҳунарманд будани як духтар душвор нест?

- Ҳар соҳа душвориҳои худро дорад, махсусан барои ҷинси латиф. Аммо зиндагӣ мубориза аст ва бояд дар муқобили душвориҳо истодагарӣ кард ва худро сохт.

- Аслан дар бораи ҷавонони ҳунарманд интернет маълумоти зиёд дорад, аммо доир ба кору зиндагии шумо ҳеҷ иттилое нест, чаро?

- Ман пеш бурдани саҳифаамро дар шабакаи Инстаграм ба наздикӣ оғоз кардам ва ба мисли аксари ҳунармандони ҷавон дар интернет фаъол набудам.

- Доир ба фаъолияти касбиятон бигӯед. То имрӯз ҳамчун коргардон кадом лоиҳаҳоро таҳия намудед?

- Ду-се сол мешавад, ки ба синамо ворид шудаам. То ин вақт ба ҳайси коргардони дуюм дар филми «Зиндагӣ зебост»-и Далер Раҳматов ва «Танҳо ту»-и Умед Мирзоширин кор кардаам. Ин корҳо ба ман таҷрибаи хеле зиёд медиҳанд ва хушҳол ҳастам, ки чунин имконро пайдо намудам. Бояд қайд намоям, ки дар филми ҳунарии “Кор”-и Соҳибёр Толибов худро ба ҳайси гримёр низ санҷидам.

- Шумо ҳамчун ҳунарпеша дар филми “Охирин сайди сайёд” нақши асосиро иҷро кардаед. Филми мазкур то ҳол дар платформаҳои озод барои тамошо дастрас нест, аммо медонем, ки он ба шумо шуҳрат овард. Чӣ гуна дар он филм нақш офаридед?

- Дастандаркорони филми мазкур ба донишгоҳ омаданд ва барои нақшофарӣ маро ба кастинг даъват карданд. Ман бо филмнома шинос шудан замон, пешниҳодро қабул кардам, зеро бароям хеле писанд омад. Бояд қайд намоям, ки коргардони филм Муҳаммадрабӣ Исмоилов яке аз беҳтарин коргардонҳои кишварамон ҳастанд, бо чунин шахс кор кардан боиси ифтихор аст. Филми “Охирин сайди сайёд” якум лоиҳаи калоне буд, ки ҳамчун ҳунарпеша дар он иштирок кардам. Дар он нақши духтари афғонро бозӣ намудам. Дар “Охирин сайди сайёд” таҷрибаи хеле зиёд гирифтам ва бо ҳунармандони маъруф шинос шудам.

- Бори аввал дар чунин филми калон нақшофарӣ ба ҷавоне, ки таҷриба надошт, душвор набуд?

- Албатта, душвор буд, аммо кӯшиш мекардам, ки мушкилиҳоро паси сар кунам. Дар баробари ин, аз дигарон меомӯхтам, таҷриба мегирифтам.

- Ҳамчун ҳунарпеша боз дар кадом филмҳо нақш офаридаед?

- Дар филми “Ишқ, пул, Душанбе” нақш офаридаам, аммо то охир не, зеро ба хориҷи кишвар сафар кардам ва бо ҳамин нақшам нотамом монд.

- Хатмкунандаи Театр-студияи “Отражение” ҳастед. Доир ба студияи мазкур ва омӯзишу ҳамкориатон ба мо нақл карда метавонед?

- Чун дар Федератсияи Россия қарор доштам, ба хулосае омадам, ки агар ба студияи таълимие номнавис шавам, ҳам вақтамро беҳуда намегузаронам ва ҳам меомӯзам. Ҳамин тавр, Театр-студияи “Отражение”-ро пайдо кардам ва ҳуҷҷатҳоямро супурдам. Дар давоми гузаштани курси мазкур бо бисёр нозукиҳои касби актёрӣ шинос шуда, малакаву маҳоратамро зиёд кардам.

- Кино барои шумо чист?

- Синамо ҷоест ё он чизест, ки ман метавонам худро ором кунам, ба олами эҳсосоти рӯйдодҳои дурахшон ғарқ шавам. Синамо барои ман фаъолиятест, ки дар он ҳатто 24 соат кор кунам ҳам, хаста намешавам. Хеле хуб медонам, ки дар ягон соҳаи дигар то ин андоза худро озод ҳис намекунам, аз ин сабаб касбамро дӯст медорам.

- Аз нигоҳи шумо ҳамчун ҳунарпешаи ҷавон барои рушди синамои тоҷик чӣ лозим аст?

- Шукр, рӯз аз рӯз сатҳи синамои тоҷик хуб шуда истодааст. Барои боз ҳам рушди ин соҳа фикр мекунам сенарияҳои хуб, коргардонҳои хуб, ҳунармандони хуб ва маблағ лозим аст, ки ҳоло ин ҳамаро дорем.

- Аз кӣ ё чӣ метарсед?

- Дар зиндагӣ аз ғазаби Офаридгор метарсам.

- Аз чӣ ифтихор мекунеду аз чӣ пушаймонед?

- Ифтихор аз он дорам, ки бар замми мушкилиҳои зиёди зиндагӣ ва надоштани таҷрибаи комил дар роҳи интихобкардаам устувор мондам ва ба қафо барнагаштам. Аммо боз пушаймонам аз чанд қарори дар ҳаёт баровардаам, ки фикр мекунам нагуфтанам беҳ аст.

- Шумо яке аз чеҳраҳои нав ва ҳамзамон ояндадори синамои тоҷик ҳастед. Чӣ нақшаҳо доред барои рушди ин соҳа?

- Мехоҳам хеле зиёд омӯзам ва нозукиҳои касби актёриро дар дараҷаи хуб аз худ кунам. Пасон, мекӯшам, ки ҳамчун филмноманавис, коргардон ва ҳунарпеша филмҳои хуб ба навор гирифта, берун аз кишвар Тоҷикистонро муаррифӣ намоям.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД