Косметологияи муосир дигар бо раванди пирӣ мубориза намебарад, мутахассисон мефаҳманд, ки ҷавониро боздоштан имкон надорад. Аммо равандро суст кардан мумкин аст, ва дар ин кор нигоҳубини пӯст дар хона нақши асосӣ мебозад. Табиб-косметолог, дерматовенеролог Айсулу Тӯқаева барои aif.ru 5 қадами одӣ, вале хеле муҳимро шарҳ дод.
Қадами №1
Ба гуфтаи табиб, нигоҳубини ҳаррӯзаи рӯй на “машғулияти дӯстдорони косметика”, балки роҳи асосии пешгирии пирист. Муҳим он аст, ки байни ду омил тавозун бошад: поксозӣ ва намноксозӣ, ғизодиҳӣ, муҳофизат. Агар пӯсти рӯйро аз ҳад зиёд тоза кунед, вале намнок накунед, пӯст хушку ҳассос мешавад. Агар ҳамеша танҳо намнок кунед, вале қабати ифлоси пӯстро тоза насозед, пӯсти рӯй тира ва сӯрохиҳояш банд мешаванд.
Қадами №2
Аксарият нигоҳубинро фақат ҳамон вақт мекунанд, ки вақти холӣ доранд. Аммо пӯст ҳамарӯза нав мешавад ва ба нигоҳубини мунтазам ниёз дорад. Нигоҳубини ҳаррӯза бояд ба одат табдил ёбад, мисли тозакунии дандон ё истеъмоли хӯроки солим. Он гоҳ пӯст “дар хотир нигоҳ медорад”, ки бо он чӣ гуна муносибат мекунед.
Қадами №3
Пӯст ҷисми зинда аст ва бо рафтани синну сол, тағйирёбии иқлим, таъсири стресс ва ғизо тағйир меёбад. Он чизе, ки дар 30-солагӣ хуб буд, дар 40-солагӣ эҳтимол кор накунад. Бинобар ин, маҳсулоти нигоҳубинро ҳар фасл аз нав баррасӣ кунед:
зимистон: формулаҳои мулоими тозакунанда, кремҳои дорои керамидҳо, ғизодиҳӣ ва муҳофизат бештар;
баҳор: илова кардани витамини C барои муҳофизати пӯст ва мустаҳкам кардани монеаи табиӣ;
тобистон: матнҳои сабук ва антиоксидантҳо;
тирамоҳ: барқарорсозӣ пас аз офтоб- пептидҳо, ҷавҳарҳои мулоим, ретиноли сабук барои ҳамвор кардани рангу сатҳи пӯст.
Қадами №4
Бозори косметика хеле калон аст ва дар хона муайян кардан мушкили пӯст душвор аст. Аксари иштибоҳот аз интихоби тасодуфӣ ба вуҷуд меоянд. Ҳангоми ташхис (дерматоскопия) табиб ҳолати ҳақиқии пӯстро мебинад: намнокӣ, зичӣ, чуқурии чинҳо, илтиҳоб ё рагҳои шикаста. Баъд аз он нақшаи дақиқи нигоҳубини пӯстро дар хона тартиб медиҳад, кадом маҳсулот кай ва барои чӣ истифода мешавад. Ҳатто норасоии витамини D ё руҳ (цинк) ба ҳолати пӯст таъсир дорад.
Қадами №5
Ҳатто нигоҳубини дуруст баъди чанд моҳ ислоҳ талаб мекунад. Зеро пӯст ба маҳсулот одат мекунад. Ҳар 3 моҳ пас давраи пурраи навшавии ҳуҷайраҳост. Табиб мебинад, ки кадом масъалаҳо ҳал шуданд ва ба чӣ бояд диққати бештар дод. Агар баъзе маҳсулот ба шумо ҳассосият ё пӯстпартоӣ диҳад, зуд ба табиб муроҷиат кунед.