arzon replenishment
Субҳон Ашӯров: Сифати кори иҷтимоиро баланд мекунем
349

 

Моҳи апрели соли 2022 бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Асотсиатсияи миллии мактабҳои кори иҷтимоии Тоҷикистон ташкил карда шуд ва айни ҳол 19 аъзо дорад, ки ин ҳам Донишкадаи тиббию иҷтимоӣ, Колеҷи тиббии ҷумҳуриявии кишвар, Хазинаи дастгирии таҳсилот ва таълимоти касбӣ, ташкилоти ҷамъиятии “Ирода”, “Зумрад”, Маркази рушди забони имову ишора, маркази хизматрасониҳои иҷтимоии “Бобуна”, Ҷомеаи равоншиносони Тоҷикистон ва ғайра мебошад.


Ин нуқтаро Субҳон Ашӯров, директори Асотсиатсияи миллии мактабҳои кори иҷтимоии Тоҷикистон имруӯз дар як чорабинии омӯзишӣ, ки дар меҳмонхонаи Атлас, дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, қайд кард.

photo_2023-07-18_19-03-11
Мақсади асосии чорабинии омӯзишӣ таҳкими нерӯи кадрии аъзоҳои асотсиатсияи мазкур буда, васеъ намудани лоираҳои ҳамкорӣ бо донишгоҳу донишкадаҳои кишвар мебошад. Дар ин нишаст намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, равоншиносон ва ВАО иштирок доштанд.

photo_2023-07-18_19-03-16
Чуноне қайд карда шуд, Тоҷикистон дар ин самт, яъне кори иҷтимоӣ яке аз кишварҳои пешқадамтарин дар минтақа маҳсуб ёфта, пеш аз ҳама он ба шахсони имконияташон маҳдуд равона шуда, ҳамчунин бо нафароне, ки ба мушкилии бекорӣ дучор шудаанд, аз ҳолати ногувор берун шуданаш мусоидат мекунад.


Директори Асотсиатсия дар идома суҳбат гуфт, ки яке аз сабабҳои таъсиси он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани “Барномаи маҷмуавии давлатии таъмини низоми ҳифзи иҷтимоӣ бо кадрҳо” буд, ки омода кардан ё такмили ихтисоси кормандони соҳаи иҷтимоӣ мебошад.

“Нуқтаи заруриро мехоҳам ишора кунам, ки муҳоҷироне, ки ноилоҷ ба Ватан бармегарданду бо дигар сабабҳо рафта наметавонад, дар деҳот мемонанд, ҷои кор надоранд ва дар ҳолати вазнини зиндагӣ қарор доранд, ҳамин гурӯҳи одамонро ба кор таъмин кардан ва аз ҳамин ҳолат берун овардани онҳо кори иҷтимоӣ мебошад. Тадқиқотҳои мо нишон додааст, ки шахсони бекор намедонанд, ки худро ҳамчун одами бекор дар шуъбаи шуғли аҳолиашон ба қайд гиранд, хабар надоранд. Агар онҳо худро ҳамчун одами бекор ба қайд гиранд, давлат барои бо кор таъмин карданашон мусоидат мекунад, гуфт Субҳон Ашӯров.

photo_2023-07-18_19-04-11_1
Нақаҳое, ки пешорӯи мо истодааст, дар якҷоягӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷиарт ва шуғли аҳолии ҶТ омӯзонидани хадматои шуғли аҳолӣ ба малакаву усулҳои пешбурди кори иҷтимоӣ, зери унвони “Равандаи касбикунонии кори иҷтимоӣ” мебошад, ки яке аз мақсади асосии ин баланд кардани сифати кори иҷтимоӣ дар сохторҳои давлатӣ мебошад. Ҳамчунин дар Тоҷикистон Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи пиронсолон дар Тоҷикистон қабул мешавад, ки хее бомаврид аст. Пиронсолон яке аз котегорияҳои мардум ҳастанд, ки ба кумаки иҷтимоӣ ниёз доранд, гуфт дар охири суҳбат Директори Асостсиатия.


Ба Асотсиатсияи миллии мактабҳои кори иҷтимоии Тоҷикистон массисаҳое, ки барои омода кардани кадрҳо барои хизмарасонии иҷтимоӣ машғуланд, метавонанд аъзо шаванд ва он моҳи апрели соли 2022 ташкил шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД