formula
Субҳон занашро дар фоҳишагӣ дошту... (Қисми 3 анҷом)
3997

Субҳон баҳазур як як ин суратҳоро аз назар мегузаронд ҳар яки духтарҳо аз якдигар зеботар буданд. Дар байни ин суратҳо....

Сурати Марҷонаи қайсангилашро дида ҳуш аз сараш парид. Шамсия ин ҳолати Субҳонро зуд пайхас намуда гуфт: " Субҳонҷон чӣ шуд ба шумо? Ягон тояшро интихоб кардед?". 

Субҳон зуд худро ба даст гирифту суратҳоро аз замин бардошта гуфт, ки ҳеҷ чиз нашудааст. Ҳарду бо ҳам ҷафс нишаста, давоми суратҳоро тамошо кардан гирифтанд ва ба ногоҳ аз байни ин суратҳо сурати занашро дида, қариб буд дилкаф гардад. Рангу рўи Субҳон парид, зуд аз таги дил гузаронд: "Ана кори сердаромади пайдокардаи ту чӣ будааст ҳарромӣ",-гӯён оҳи сард кашид. Суратҳои занаш ва қайсангилашро ба Шамсия нишон дода гуфт, ки ман ягон рӯз омаданӣ шавам ҳамроҳи дӯстам меоям, ана ҳамин ду паричаро барои мо омода соз кифоя аст, гуфта аз дар саросема баромада рафт. То хона чӣ гуна рафтанашро нафаҳмида монд. Соро аз кор соати 5 ба хона баргашт. Боз дастонаш пури мевагию майдаю чўйда даромад аз дар.

Моҳи беайб

-Ҳа мардакҷон, чӣ хел шумо? Аз кор кай баргаштед?
Субҳон, ки дар оташи ғазаб меҷӯшид, ба рӯи ҳаммсараш нимнигоҳе накарда вориди хонааш шуд. Аллакай аз он рўз сар карда муносибаташ бо занаш сард шуда буд.
Шамсия рўзи омадани Субҳонро медонист аз ин рӯ ба Соро гуфт, ки то бегоҳ каме интизор шавад ва хоҳарашро низ орад.
Соро ба шавҳараш гуфт, ки имрӯз мумкин дертар оям чунки кори мағоза зиёд аст.
Субҳон ҳам чизе нагуфта майлаш гуфт, кўдаконро ба хонаи модарам мебарам, -гуфта баромада рафт.
Баромадан баробар Субҳон ба боҷааш занг зада гуфт, ки як кори зарур дорам, зуд наздам расида биё. Суроғаи хонаи апаи Шамсияро дода худаш зуд ба Шамсия занг зада гуфт: - Акнун ана ҳамон чӯҷаҳои парии гуфтаатонро ёфта метавонед, барои ҳамин рӯз ману дўстам меҳмонатон мешавем. Ҳатто хоҳиш кард, ки барояшон сюрприз ташкил намояд. Ба ҷуҷаҳо кӣ будани моро махфӣ гӯед-гӯён хандида телефонро хомуш кард. 

Клиенти шинос

Субҳон ҳамроҳи Муртазо- ба он ҷо рафта, ба худ утоқи кушоду барҳавоеро интихоб карданд. Муртазо аз суханони ҷӯрааш Субҳон чизеро пайхас накард. Аммо Субҳон ба хулосае омад, ки ба Муртазо асли гапро бигӯяд. Хулоса, Муртазо баъди шунидани ин гап қариб  беҳуш шавад вале боз худашро дошта, ҳайрон ба рӯи дӯсташ нигарист. Дар ин вақт аллакай Соро ва Марҷона дар ҳуҷраҳои алоҳида мардони пулдорро интизор буданд.  
Баробари аз дар даромадани клиент-Соро ва Саломат шавҳарҳояшон дида, доду фиғонашон ба осмон баланд шуд. Шамсия ин манзараро дида, гӯшашро ба карӣ андохта худро аз оно дур гирифт.  Субҳон ба чашмони Соро занаш нигоҳ кард гуфт: "Бба ту чӣ намерасид, ки ба чунин кори фаҳш даст задӣ? Садқаи номи модарӣ кунад туро"- гўён ба рӯяш ӯ як торсакие фаровард. Магар ман мурдаам, ки ту фоҳишагӣ мекунӣ? Ё аз ягон чӣ камӣ доштӣ? Хонаи ҳалоламро ҳаром кардӣ, фоҳишаи тарпоча. Зиндагӣ бо ту барин фоҳиша ҳарром аст. Ҳайфӣ ту беҳайё!
Муртазо бошад аз даромаданаш пушаймон шуда ба занаш чизе гуфта натавонисту танҳо ҷавобатро додам гуфта аз дар баромад. Занҳо аз шарм дигар ба хонаашон намерафтанду фарзандонашонро низ ба шавҳшаронашон дода, дар як дам чиптаи ҳавопаймо харида ба Русия фирор намуданд. 
Акнун худатон фикр кунед, зиндагии ободу фарзандони солим доштанд, боз ба онҳо чӣ намерасидл, ки даст ба чунин кори ҳаром заданд?!
Субҳон ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД