Соли равон аз ҷониби судҳои шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишварамон ба 423 нафар ҷавонони синну солашон ҳанӯз ба 18 нарасида иҷозат дода шудааст, ки ақди никоҳ банданд. Дар ин бора масъулини Суди олии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, дар посух ба саволи хабарнигорон дар боби оқибатҳои нигаронкунандаи никоҳи бармаҳал гуфтанд, теъдоди чунин никоҳҳо нисбат ба соли гузашта имсол хеле камтар шудааст.
Абдуқаҳҳор Тағозода, муовини раиси Суди олии Тоҷикистон масъалаи мазкурро шарҳ дода гуфт:
“Суд дар он ҳолат синни никоҳи шахси издивоҷкунандаро кам мекунад, ки бастани ақди никоҳ ва оиладор шудани ҷавон б беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии никоҳшавандагон мусоидат карда тавонад.”