sebiston july new
Суҳроб, Ҷаҳонгир ва Некрӯзро барои лату кӯби таксист суд мекунанд?
1096

Аз 6- уми июн инҷоиб дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои баҳсбарангезе давр мезанад, ки дар он муноқиша ва зери латукӯб қарор гирифтани як ронандаи мусофирбар аз ҷониби 3 нафар тасвир ёфтааст.

Ин навор сару садоҳои зиёдро ба бор оварда, истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомот хоҳиш карданд, ки афроди дар лату кӯбӣ ронанда даст доштаро пайдо карда, ҷазо диҳанд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ин афроди қонуншикан дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.

Қаландаров Сӯҳроб, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Душанбе ноҳияи Исмоили Сомонӣ, деҳаи Деҳнаваки Боло, ронандаи мошини "Опел Астра" ва яке аз нафарони дар лату кӯб даст дошт мебошад.

Қаландаров Ҷаҳонгир, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳнаваки Боло низ ҳамчун муштзӯр дар ин муноқиша ширкат варзида, ба сару рӯи ронандаи таксӣ зарба задааст.

Убайдуллоев Некрӯзи 29-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб, деҳаи Чағатай низ дар ин ҳодиса даст дошта, аз тарафи кормандони Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дастгир карда шудааст.

Номбурдагон рӯзи 6-уми июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 19:40 ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Ҷаббор Расулов ба самти кӯчаи Бобоҷон Ғафуров бо баҳонаи монеагӣ эҷод намудан ба ҳаракати онҳо, ронандаи автомашинаи тамғаи "Хундай Салярис “ Насриддинов Саъдӣ, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳи Болоро мавриди латукуб қарор додаанд.

Таксист бар асари лату кӯби ин се нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, айни замон дар беморхона бистарӣ мебошад.Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати гумонбарон тибқи талаботи моддаи 237, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиш қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД