Commerce bank may-june 2026
Суҳроби Нур дар “Баландии 144”
55

Ин шабу рӯз дар Ҷумҳурии Беларус наворбардории филми муштараки киностудияи “Лендок”-и Санкт-Петербург ва “Беларусфилм” таҳти унвони “Баландии 144” ҷараён дорад. Дар ин филм актёри ҷавони тоҷик Суҳроби Нур нақши Сафар Амиршоев - Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва фарзанди далеру номбардори тоҷикро иҷро мекунад. Нақшофарӣ дар ин лоиҳаи бузург барои Суҳроби Нур як имтиҳони ҷиддии эҷодӣ ва барои фарҳангу синамои тоҷик фурсати муҳимми муаррифӣ дар сатҳи байналмилалӣ аст.

Баландии 144

Филми ҳунарии “Баландии 144” (“Высота 144”) дар бораи яке аз воқеаҳои таъсирбахши Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақл мекунад. Дар маркази он сарнавишти 11 сарбози шӯравӣ қарор дорад, ки дар охири соли 1944 дар Латвия баландии стратегии 144-ро аз неруҳои душман, ки аз онҳо чандин баробар зиёд буданд, ҳимоят карданд. Ин ҳодиса рамзи бародарии ҷангӣ ва ваҳдати халқҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.

Дар филм симои ин 11 қаҳрамонро ҳунармандон аз Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон бозӣ мекунанд. Дар қатори онҳо симои фарзанди диловари халқи тоҷик, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Сафар Амиршоевро актёри ҷавон Суҳроби Нур ба экран меорад.

Суҳроби Нур кист?

Суҳроби Нур ҳунармандест, ки роҳи худро ором, бе сару садо, аммо бо заҳмат ва устуворӣ тай мекунад. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, шогирди ҳунарманди маъруф Қурбони Собир мебошад. Пас аз хатми донишкада як сол дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов кор кардааст. Баъдан, бо сарбаландӣ хизмати ҳарбиро адо намуда, ду сол ровии радиои “Имрӯз” буд. Аз соли 2016 то имрӯз дар Театри давлатии академии русии драмавии ба номи Владимир Маяковский фаъолият дорад.

Дар саҳнаи театр Суҳроби Нур нақшҳои зиёде офаридааст. Ӯ қариб дар ҳамаи намоишномаҳои театр банд аст. Вале ҳунарнамоии ӯ дар намоишномаҳои “Тартюф”, “Гамлет”, “Бунт невесток”, “Вишнёвый сад”, “Жизнь есть сон” ва чанд намоиши дигар ҷолиби диққат буда, ӯро ҳамчун ҳунарманди заҳматкаш, ҷиддӣ ва пурталош муаррифӣ мекунад.

Ҳамзамон, Суҳроби Нур дар намоишномаҳои кӯдакона, аз қабили “Незнайка”, “Золотая антилопа”, “Синдбад”, “Чудо-цветик” ва дигар асарҳо низ ҳунарнамоӣ кардааст. Ин таҷриба барои як актёр бисёр муҳим аст, зеро саҳнаи калон аз ҳунарманд ҷиддият ва андеша талаб мекунад, саҳнаи кӯдакон бошад, самимият, покӣ ва иртиботи зинда бо тамошобинро тақозо дорад. Барои камолоти ҳунарманд нақшофарӣ дар намоишномаҳои кӯдакона низ аҳамияти хос дорад.

Дар синамо ҳам Суҳроби Нур чеҳраи аллакай шинохташуда аст. Ӯ дар филмҳо ва силсилафилмҳои “Падруду пайғом”, “Саргардонӣ”, “Автобус”, “Журналист”, “Пайроҳаи хашм”, “Комитет” ва дигар лоиҳаҳо нақш офаридааст.

Даъват ба нақши қаҳрамон

Роҳ ёфтани Суҳроби Нур ба “Баландии 144” тасодуфӣ нест. Ба гуфтаи худи ҳунарманд, ӯ ба ин лоиҳа бо дастгирии Сафар Ҳақдод - раиси Иттифоқи синамогарони кишвар роҳ ёфт. Лоиҳа аз ҷониби “Лендок” ва “Беларусфилм” таҳия мешавад ва наворбардорӣ дар Минск сурат гирифтааст.

“Талабгорон барои нақши Сафар Амиршоев зиёд буданд. Дар оғоз ҳатто аз Федератсияи Русия ҳунарманде барои иҷрои ин образ интихоб шуда буд. Аммо коргардон ба хулосае омад, ки нақши Сафар Амиршоевро бояд ҳатман ҳунарманди тоҷик иҷро кунад - тоҷике, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, муҳит, хислат ва рафтори тоҷиконаро дар худ дорад. Ҳамин тавр, онҳо ба Тоҷикистон муроҷиат карданд ва устод Сафар Ҳақдод маро пешниҳод намуданд. Мо навор гирифта фиристодем ва ман қабул шудам”, - мегӯяд Суҳроб.

Қаҳрамони Суҳроб Сафар Амиршоев шахсияти одӣ нест. Ӯ соли 1912 дар деҳаи Заргар, ҳудуди ноҳияи имрӯзаи Ховалинги вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун командири орудияи полки гаубитсаи гвардиявӣ хизмат кардааст. 16 июни соли 1944 дар набард бо танкҳои душман, бо вуҷуди ҷароҳатҳои вазнин, тавонист чанд танки душманро аз кор барорад ва дар майдони ҷанг ба ҳалокат расид. Баъдан, бо фармони Раёсати Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ, ба ӯ пас аз марг унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. Барои актёри ҷавон Суҳроби Нур бозидани нақши чунин шахсият осон нест.

Хотираи Сафар Амиршоев

Суҳроби Нур дар бораи қаҳрамони худ мегӯяд, ки Сафар Амиршоев дар филм камгап, вале қатъӣ, шуҷоъ ва боэҳтиром тасвир мешавад.

“Ин филм, пеш аз ҳама, дар бораи хотира аст. Хотираи ҷанг, хотираи қаҳрамонӣ, хотираи бародарии халқҳо ва хотираи онҳое, ки барои зиндагии баъдии мо ҷон доданд. Аммо барои Тоҷикистон ин филм маънои дигар ҳам дорад: бозгашти номи Сафар Амиршоев ба фазои фарҳангӣ ва муаррифии он ба насли нав”, - мегӯяд Суҳроби Нур.

Ба гуфтаи ҳунарманд, дар сенарияе, ки ба ӯ пешниҳод шудааст, Сафар Амиршоев шахсест, ки бо вуҷуди камҳарфу боандеша будан, дӯстдори шеър аст, шеър мехонад ва хеле дурандеш мебошад.

“Дар оғоз сенариянавис аз шахсияти Сафар Амиршоев каме дур рафтааст, вале дар саҳнаҳои охир, дар набардҳо ва қаҳрамониҳо ба ин шахсияти таърихӣ наздик мешавад”, - мегӯяд Суҳроби Нур.

Лоиҳаи дастҷамъӣ

“Баландии 144” аз нигоҳи истеҳсолӣ низ лоиҳаи бузург аст. Дар он киностудияҳои чанд кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок мекунанд ва ҳунармандон низ аз Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳастанд. Коргардони филм Павел Иванов ва наворбардор Алишер Ҳамидхоҷаев тасмим доранд, ки воқеаҳо бо ҳадди баланди воқеият нишон дода шаванд.

Барои Суҳроби Нур иштирок дар чунин лоиҳа танҳо як нақши нав нест. Ин қадам ба фазои васеътари синамо ва имкони муаррифии ҳунари тоҷик дар саҳнаи байналмилалӣ мебошад. Ӯ дар ин филм на танҳо образи як қаҳрамонро иҷро мекунад, балки симои як фарзанди тоҷикро ба тамошобинони кишварҳои гуногун нишон медиҳад.

“Баландии 144” барои Суҳроби Нур метавонад марҳилаи наве дар фаъолияти эҷодиаш бошад. Шояд ин филм дарҳои дигарро ба рӯи ӯ боз кунад. Мо низ умед мебандем, ки “Баландии 144” актёри ҷавони тоҷикро ба баландиҳои тозаи ҳунар мебарад...

Одил НОЗИР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД