Полша занону духтарони дӯзанда ва мардони кафшергари тоҷикро ба кор даъват кардааст
Полша омода аст мардони кафшергар, яъне сваршик ва занону духтарони ҳунари дӯзандагӣ доштаи тоҷикро ба кор бигирад. Гуфта мешавад, ки музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ дар Полша аз 8 доллару 91 сент дар як соати корӣ оғоз меёбад.
Хоҳишмнадон метавонанд барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин кишвар ба Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Тибқи иттилоъи ин ниҳод, барои кор дар Полша кафшергарони дорои тахассуси "MIG", "MAG" ва "TIG" ҷалб карда мешаванд.
Талаботҳои асосии қабул инҳоянд:
Синну сол аз 23 то 45-сола
Доштани диплом, гувоҳнома ё ҳуҷҷати дигари кафшергарӣ
Донистани забони русӣ ё англисӣ
Доштани малакаи касбӣ ва таҷрибаи корӣ.
Ба дӯзандагӣ дар Лаҳистон то 80 нафар қабул карда мешавад. Музди меҳнат аз 9 доллар барои як соати корӣ оғоз ёфта, дар як моҳ зиёда аз 2 ҳазору 500 долларро ташкил медиҳад.
Ба кори дӯзандагӣ дар Полша занону духтарони аз 25 то 45 солае, ки забони русӣ ё англисиро дар сатҳи муошират медонанд ва таҷрибаи на камтар аз сесолаи корӣ доранд, қабул карда мешаванд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ шумом етавонед ба Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон, ки дар бинои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҷойгир мебошад, муроҷиат намоед. Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 121.
Рақами телефон: 225 05 75.