sebiston july new
СУҚУТИ ЧАРХБОЛ ВА МАРГИ 8 НАФАР
2653


Чарбол Ми-8, ки ба интиқоли сайёҳон машғул буд, дар кӯли Курил сарнагун шуда, ба чуқурии 100 метр рафтааст, ки дар натиҷа 8 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Дар ин бора вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия хабар дода, таъкид кардааст, ки дар миёни қурбониён се нафар аз ҳайати сарнишонҳо ва як кӯдак низ будааст. Ҳодисаи мазкур дар мамнӯъгоҳи Кронотс воқеъ дар Камчатка рух додааст.

Интерфакс дар такя ба манбаъҳои худ гуфтааст, ки чархболи сарнагуншуда муддати 40-сол фаъолият намуда, тибқи шаҳодатномаи тахникӣ иҷозаи парвозаш соле баъд, 16-уми июни соли 2022 ба анҷом мерасид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД