Commerc banl
Табибони тоҷик аввалин маротиба дар бахши нейроҷарроҳӣ амалиёти мураккаб гузарониданд
13.03.2026
Oila.tj
85

Дар шуъбаи ҷарроҳии асаби Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” аввалин бор дар Тоҷикистон ҷарроҳии мураккаби микроҷарроҳӣ бо истифода аз микроскопи ҳозиразамон бо усули транскаллёзӣ, яъне гирифтани кистаи коллоидии қаъри меъдачаи 3-юм бо муваффақият гузаронида шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, амалиёти нави ҷарроҳӣ аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳаи нейроҷарроҳии кишвар, доктори илмҳои тиб, профессор Раҳмонзода Хуршед Ҷамшед ва номзади илмҳои тиб, дотсент Раҳимзода Нарзулло Одина анҷом дода шуд.

Ба гуфти мутахассисони соҳаи тиб, амалиёти ҷарроҳии кистаи коллиодии қаъри меъдачаи сеюм аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ яке аз қисмҳои чуқуртарини сохторҳои майнаи сар ба ҳисоб рафта, аз ҷиҳати анатомӣ низ он яке аз марказҳои ҳаётан муҳими организми инсон ба шумор меравад.

То кунун чунин беморон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври паллиативӣ, яъне танҳо ба воситаи паст намудани фишори дохили косахонаи майнаи сар табобат мегирифтанд. Яъне, ҷараёни табобати қаблии чунин беморон муваққатӣ буд ва бемориро пурра бартараф намекард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД