35 years of independency
Тақдири таксиҳои «10-сомонӣ» чӣ мешавад?
10.11.2026
Оила
112

Тақдири таксиҳои «10-сомонӣ» чӣ мешавад? Ошкор шудани 128 ронанда дар се рӯз

Дар шаҳри Душанбе дар се рӯз 128 ҳолати ғайриқонунӣ анҷом додани мусофиркашонӣ ошкор шудааст. Эҳтимол меравад, ки қисме аз ронандагони дастгиршуда ба истилоҳ таксиҳои «10-сомонӣ» бошанд.

Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 9-уми ноябр хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ин қонуншиканиҳо зимни амалиёти муштараки кормандони милитсия ва Маркази «Шаҳри бехатар» муайян шудаанд.

Гуфта мешавад, нисбати ронандагони қонуншикан бо иттиҳоми машғул шудан ба фаъолияти ғайриқонунии мусофирбарӣ, аз ҷумла бе ҳуҷҷатҳои зарурӣ, тибқи моддаи 510-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ оғоз гардидаанд.

Бар асоси ин модда, барои чунин қонуншиканӣ ба шахсони воқеӣ аз 5 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (то 1 ҳазору 560 сомонӣ), ба соҳибкорони дорои иҷозатнома аз 15 то 30 нишондиҳанда (то 2 ҳазору 340 сомонӣ) ва ба соҳибкорони дорои шаҳодатнома аз 50 то 300 нишондиҳанда (то 23 ҳазору 400 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, воситаҳои нақлиёти ронандагони ошкоршуда ба ҷаримагоҳи муваққатӣ интиқол дода шудаанд.

Мақомот дар бораи шумораи дақиқи таксиҳои «10-сомонӣ» дар байни ин ронандагон маълумот надодаанд. Ҳамчунин,

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД