arzon replenishment
Тақдири тоҷироне, ки аз Туркия бор меоранд, чӣ мешавад?
08.04.2024
ОИЛА.ТҶ
393

 

Шуруъ аз 20-уми апрел сафар ба Туркия танҳо тавассути раводид, яъне ВИЗА имконпазир хоҳад гашт. Тақдири тоҷироне, ки аз ин кишвар бор меоварданд, чӣ мешавад?

Тоҷикон дигар наметавонанд ҳар гоҳ, ки дилашон хост, ба Туркия сафар намуда, сайру тамошо кунанд ё бо мақсади тиҷорат аз ин кишвар молҳои хушсифатро биёранд. Туркия барои сокинони як қатор кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон раводид ҷорӣ намудааст.

Шуруъ аз 20-уми апрел шумо бояд барои сафар ба ин кишвар раводид - ВИЗА гирифта, мақсади сафаратонро дарҷ созед ва тамоми ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароред.

Ёдрас мешавем, ки қаблан шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонистанд бидуни раводид ба Туркия сафар намуда, то 90 рӯз он ҷо бимонанд, аммо ҳафтаи гузашта ҳукумати ин кишвар қоидаҳои навро ҷорӣ кард.

Мувофиқи фармони Раҷаб Тайиб Ардуғон минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафар ба Туркия бояд раводид гирифта, ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд, вале сафири Туркия дар Тоҷикистон зимни суҳбат бо журналистон гуфтааст, ки ин чораи муваққатӣ аст.

Тахмин меравад, ки аз ҷониби Туркия ҷорӣ намудани раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба амали террористие, ки чанде қабл дар “Крокус Сити Холл”-и Русия рӯй дода, бар асари он 144 нафар ҳалок ва зиёда аз 500 нафар захмӣ гаштанд, алоқамандӣ дорад.

Ба иттилои нашрияи Нurriyet, моҳи апрел дар Туркия ду аъзои ташкилоти дар Тоҷикистон мамнуъи “Давлати исломӣ” боздошт шудаанд ва яке аз онҳо шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон будааст.

Қаблан гуфта шуда буд, ки 2 нафар иштирокчиёни ҳодисаи мудҳиши дар “Крокус Сити Холл” рӯйдода пеш аз анҷоми ин амал ба Туркия сафар карда будаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД